Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти Афғонистон дар дасти НАТО


Дар гузориши як гурӯҳи мустақар дар Лондон ҳадс зада шудааст, ки агар неруҳои Паймони НАТО ошуби Толибонро саркӯб накунанд, Афғонистон ба як кишвари бенизом табдил хоҳад ёфт. Тибқи ин матлаби Пажуҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стротежик, ошуби Толибон боиси афзоиши ифротгароӣ дар ҷаҳон шуда, ҳамзамон ошуб ҳама манотиқи Афғонистон, аз ҷануб то шимолро фаро хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Бонки ҷаҳонӣ ва Департаменти рушди байнулмилалии Бритониё дар як гузориши муштарак аз афзоиши парвариши хашхош ва қочоқи маводи мухадир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ин матлаб аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки барои рушди кишоварзии Афғонистон 2 миллиард доллар тахсис диҳанд, то ки бо фароҳам овардани манбаъҳои нави даромад барои сокинони Афғонистон онҳо аз парвариши хашхош даст бардоранд. Ин гузориш имрӯз дар Токио дар конфаронси солона оид ба эҳёи Афғонистон муаррифӣ гардид.

XS
SM
MD
LG