Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора - президенти ояндаи Узбакистон?


Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури Узбакистон
Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон духтари худ - Гулнора Каримоваро муовини вазири хориҷаи ин кишвар таъйин кард.

Дар ҳама ҷо дар бораи ин тасмими нави Каримов арзёбиҳо ин аст, ки Каримов мехоҳад духтараш саранҷом ҷои падарро бигирад, падареро, ки номдортарин раҳбари худкомаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказист.

Гулнора Каримоваро дар Узбакистон бо номи Гугуша низ мешиносанд. Вай ин номро ба тақлид аз хонандаи эронӣ - Гугуш ба худ гирифтааст. Дар радио ва шабакаҳои телевизиёнии кишвараш бо ин ном таронаҳо иҷро мекунад. Вале матлаби имрӯзи мо на роҷеъ ба парвози ҳунарии Гулнора, балки нигоҳе ба ояндаи сиёсии ин духтар аст, ки падари президенташ аз ҳоло барои вай пешбинӣ мекунад. Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз Гулнора ба унвони нахустин номзад ба ин мақом ба ҷои падараш ном мебурданд. Вале якуми феврали соли ҷорӣ таъйини вай ба мақоми муовини вазири хориҷаи Узбакистон дар умури фарҳангӣ Гулнораро вориди роҳе кард, ки метавонад ӯро ба сӯи тахт бибарад.

Тошпулод Юлдошев, як таҳлилгари мустақил дар Тошканд, дар ин бора мегуяд, муддатҳо сару садоҳое дар гардиш буд, ки Гулнора Каримова раиси вилояти Тошканд ё шаҳрдори Тошканд мешавад. Сабаб ин аст, ки агар Ислом Каримов дар симои духтараш вориси худро мебинад, бояд Гулнора таҷрибаи раҳбариро дошта бошад. Ман фикр мекунам, ки таъйини Гулнора ба мақоми муовини вазири хориҷаи Узбакистон бад-он маънист, ки Каримов вайро омода мекунад, то вай дар оянда ба курсии раёсати ҷумҳурӣ биншинад. Бо вуҷуди ин, ман фикр мекунам, ки агар Каримов умри дароз бинад, курсиашро ба касе намедиҳад.


Гулнора 35 сол дорад. Дар Донишгоҳи Ҳарварди Амрико таҳсил кардааст. Дар донишгоҳи Тошканд унвони илмии доктори илмҳои сиёсиро ба даст овардааст. Дар варзиш камарбанди сиёҳи каратэ дорад. Дар корҳои сиёсии Узбакистон баъзе мақомҳоро бар уҳда доштааст. Масалан, муддате мушовири вазири хориҷа буд ва муддате фиристодаи вижа барои сафорати Узбакистон дар Маскав.

Аммо дар Узбакистон вайро чун шахсияти сиёсӣ намешиносанд, зеро вай бештар бо тиҷорату соҳибкорӣ машғул аст. Бино ба гузоришҳо, вай контроли саноати нафту гази Узбакистонро дар даст дорад. Соҳиби шабакаи телвизиёнист ва шабакаи сохтмон низ дар ихтиёраш аст. Мегуянд, фаъолияти тиҷоратии вай то ба Маскаву Дубай ва Женева густариш ёфтааст. Вай ба таҳияву ороиши ҷавоҳирот ва овозхонӣ низ машғул аст. Матбуот, бахшҳои хурдафурушӣ ва тафреҳгоҳҳоро низ зери назари худ дорад. Гоҳ-гоҳе дар оғози консертҳояш намоиши намунаҳои муди замон баргузор мекунад.

Таҳлилгарон мегуянд, яке аз ҳадафҳои таъйини Гулнора ба ин мақом замонате барои ҳифзи ҳамаи ин сарвату дороӣ ва имтиёзҳост. Суҳбат Абдуллоев, яке аз мухолифони сисёсии Узбакистон ба радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, Каримов мехоҳад духтараш дорои вазифа ё мақоми баланд бошад. Ҳатмӣ нест, ки вай раисҷумҳур бошад. Мақомҳои дигаре дар ҳукумат вуҷуд дорад, ки дар сурати соҳиб шудан ба он аъзои хонаводаи Каримов ду замонат хоҳад дошт: аввал ин, ки ин хонавода нуфузи сиёсии худро ҳифз хоҳад кард; дуввум, баъд аз он, ки Каримов аз мақоми худ рафт, дороии хонаводаро нигоҳ хоҳанд дошт.

Аксари таҳлилгарон мегуянд, ки агар Гулнора бихоҳад ба унвони сиёсатмадор ҷои падарашро бигирад, бояд роҳи тулониро паймояд. Вале ин сару садоҳо низ вуҷуд дорад, ки Гулнора нисбат ба тоҷирони рақиби худ бераҳм аст ва онҳо вайро, ба истилоҳ, "чашми дидан надоранд". Аз сӯи дигар, мардуми маъмулӣ дар фақр ба сар мебаранд ва чунин вазъ тасаввуроти онҳоро дар бораи Гулнора дигаргун кардааст. Нуктаи дигар ин аст, ки вай бояд сиёсатмадоронро ба худ ҷалб кунад ва аз ҳимояти онҳо бархурдор бошад.

Вале воқеъият он аст, ки Гулнора солҳои ахир тиҷорати сиёсатмадорони номдорро аз дасташон зад ва онҳоро озурда кард. Ба ҳамин далел, Гулнораи таҳсилкардаи Ғарб, ки аз модари рус тарбия гирифтааст ва русӣ суҳбат мекунад, бояд дар "ҷаҳон"-и сиёсии Узбакистон барои худ ҷои пой боз кунад, "ҷаҳон"-е, ки дар он аслан мардон тасаллут доранд.

Тошпулод Юлдошев, таҳлилгари мустақил дар Тошканд дар поёни суҳбати худ дар бораи Гулнора Каримова гуфт, "тиҷорати вай ба хотири падараш шукуфон аст, падаре, ки дар кишвар солори мутлақ ва молики ягона аст. Бештар аз нисфи кишвар ба духтараш тааллуқ дорад. Вале ман наметавонам дар бораи фаъолиятҳои сиёсии вай ва дастовардҳояш чизе бигуям. Вай занест, ки тиҷораташ дар сояи падар нумуъ кардааст."

3-юми феврали соли ҷорӣ сомонаи "Uzmetronom.com" навишт, мақоми нав ба Гулнора Каримова бахшудагӣ ё масъунияти дипломатӣ медиҳад, то вай битавонад ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунад, зеро барои талоқ аз Мансур Мақсудӣ-шавҳари амрикоии узбактабори афғонистониаш дар соли 2003 ва моҷароҳои хонаводаӣ дар Амрико парванда дорад. Ба ин сабаб ҳануз хатари боздошт ва ҳабси вай аз байн нарафтааст.

XS
SM
MD
LG