Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз ҳукми эҳдоми хабарнигор нигарон аст


Раҳбари Афғонистон аз ҳукми эҳдоми донишҷӯи риштаи хабарнигорӣ Сайид Парвизи Комбахш, ки дар тавҳини ислом муттаҳам шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст. Ва аммо Ҳумоюн Ҳомидзода, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, ки Ҳомиди Карзай то содир шудани ҳукми Додгоҳи таҷдиди назар ба ин қазия дахолат нахоҳад кард.

Сайид Парвизи Комбахш дар он муттаҳам шудааст, ки ба бархе аз ояҳои Қуръони шариф шак оварда, миёни донишҷӯён маводи интиқодии оид ба Қуръон дар Интернет нашршударо паҳн мекард.

XS
SM
MD
LG