Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди мусаллаҳона миёни ниҳодҳои вазорати дохилаи Тоҷикистон дар Рашт миёни мардум ва маҳофили сиёсии кишвар вокунишро ба бор овардааст.

Мавқеъи бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба даргирии мусаллаҳона миёни ниҳодҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар охири ҳафтаи гузашта дар Рашт ба ҳам монанд аст. Аммо масъулони бархе дигар аз ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби коммунист, аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ карданд. Раиси ин ҳизб гуфт, дар ҳоле, ки садо ва симо ва расонаҳои расмӣ дар ин бора маълумот ба нашр нарасонидаанд, онҳо низ наметавонанд дар ин робита чизе бигӯянд.

Бетавофутии расонаҳои расмӣ ба ҳодисаи дар Рашт рухдодаро Шокирҷони Ҳаким, муъовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ таъкид кард. Ба эътиқоди оқои Ҳаким, пинҳон доштани асли ҳодиса аз назари мардум нобоварӣ ба ҳукуматро бештар мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, бо таассуф аз вуқӯъи як чунин ҳодиса онро як мушкили дохилии ниҳодҳои вазорати дохилаи Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ҳамзамон раиси ҲНИТ бар ин нукта ишора кард, ки ин мушкилӣ бояд бидуни қасос ва ниқорҷӯӣ ва бо мусолаҳа ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳи ҳал пайдо бикунад.

Вале Раҷаби Мирзо, коршиноси мустақили тоҷик бар ин назар аст, ки вуқӯъи як чунин рухдод дар як минтақае, ки чанде қабл аз саҳнаҳои аслии ҷанги дохилӣ ба ҳисоб мерафт, нишонаи як буҳрони ҷиддӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст. Оқои Мирзо мегӯяд, мардум ба ин ҳама мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки тайи 15 соли ахир домангирашон аст, ба хотири амният ва субот таҳаммул мекард, вале ҳодисаи рухдода дар Ғарм гувоҳи он аст, ки амният низ таъмин набудааст.

Дар ҳамин ҳол Мирзохӯҷа Низомов, аз фармондеҳони аршади пешини нерӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик, шеваи бархурди гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохила бо шӯъбаи раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи ин вазорат дар минтақаи Раштро нодуруст шуморид ва изҳори нигаронӣ кард, ки чунин амали мақомоти интизомӣ метавонад паёмадҳои нохуш барои минтақа дошта бошад.

Ба ин тартиб аҳзоби сиёсии кишвар хостори расидагии шаффофу дақиқи мақомоти давлатӣ ба ин ҳодиса шуданд. Зеро ба назари аҳзоби сиёсӣ, бепосух гузоштани чунин амали мақомоти интизомӣ метавонад сулҳу оромӣ дар кишварро таҳти суол қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG