Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи туркманӣ афзуд ва узбакӣ қатъ шуд


Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе
Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе

Ширкати «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, ки вуруди нерӯи барқ аз Туркманистон 2 миллион кВт/соат афзуда, ба ҳудуди 7 миллион кВт/соат дар шабонарӯз баробар шудааст.

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз рӯзи 4 феврал Узбакистон интиқоли нерӯи барқи худ ба Тоҷикистонро қатъ кардааст. Оқои Гулов ҳамзамон афзуд, воридоти нерӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тавассути хаттҳои баландшиддати Боткент-Конбодом идома дорад ва Тоҷикистон дар шабонарӯз аз ин кишвар 500 ҳазор киловатт/соат барқ дарёфт мекунад.

Ба гуфтаи муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», бо қарори ҳукумати Тоҷикистон меъёри интиқоли нерӯи барқ ба корхонаи алюминиюми тоҷик чаҳор миллион киловатт/соат барқ коҳиш дода шуда ва феълан ин корхона дар шабонарӯз 17 миллион киловатт/соат барқ дарёфт мекунад.

Оқои Гулов меафзояд, дар зимн феълан ба ҳама устонҳо кишвар мутаносибан аз 2 то 3 миллион киловат/соат барқ интиқодл дода мешавад ва барои ниёзмандиҳои аввалияи манотиқ истифода мегардад. Аммо ин дар ҳолест, ки интиқоли нерӯи барқ ба сокинон дар бештарин манотиқи Тоҷикистон бештар аз 10 рӯз ба ин сӯ комилан қатъ шудааст. Ва аммо комилан қатъ кардани интиқоли нерӯи барқ ба сокинони манотиқи кишвар дар баробари маҳрумият аз нерӯи гармӣ ба мардум мушикли дастрасӣ ба маводи ниёзи аввалия, ба хусус орд ва равғанро эҷод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бо манзури сардиҳои шадид ва буҳрони энержӣ давлати Конодо аз шаҳрвандони худ даъват кардааст, то рафъи ин буҳрон ва тағйири самти ҳарорати ҳаво ба сӯи гармӣ мувақатан аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин сафорати Оломон дар Душанбе дар чанд рӯзи пеш эълом дошта буд, ки бо иллати дастрасӣ ба нерӯи барқ консулгарии ин сафорат фаъолияти худро то чанд муддат қатъ кунад, аммо тавре маълум шуд, рӯзи душанбе мақомоти энержии Душанбе интиқоли барқ ба ин сафоратро аз сар гирифтаанд ва феълан консулгарии сафорати Олмон дар Душанбе фаъол аст.

XS
SM
MD
LG