Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Суғд 11 узви "Ҳизбуттаҳрир"-ро, ки дар миёни онҳо ду шаҳрванди Узбакистон низ будааст, маҳкум кард.

Ин аъзои "Ҳизбуттаҳрир" барои барангехтани хусумати милливу мазҳабӣ, даъват барои сарнагунии ҳукумати қонунӣ ва узвият дар гурӯҳҳои ифрогтаро айбдор шуда, аз 3 то 20 сол равонаи зиндон гардиданд.
Ахиран як зани 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се кӯдаки хурдсол дорад, низ бо гумони узвият дар "Ҳизбуттаҳрир" ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд...


Дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ низ додгоҳи вилояти Суғд 11 узви дигари "Ҳизбуттаҳрир"-ро аз озодӣ маҳрум карда буд.

Бино бар иттилои мақомоти додситонии Суғд, дар соли ҷорӣ ҳудуди 30 тан аъзои "Ҳизбуттаҳрир" боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар миёни афроди боздоштшуда онҳое низ ҳастанд, ки қаблан ба гумони узвият дар "Ҳизбуттаҳрир" чанд соли умри худро дар зиндон сипарӣ кардаанд.

Соҳибназарон мегӯянд, агарчӣ фаъолияти аъзои "Ҳизбуттаҳрир" тайи чанд соли ахир дар шимоли Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳода буд, аммо ба таври комил қатъ нагаштааст.

Юсуф Раҳмонов, додситони Суғд боздошти зиёди аъзои ин ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистонро натиҷаи шадид шудани мубориза алайҳи аъзои "Ҳизбуттаҳрир" медонад.

Аммо Алии Бозравӣ, коршиноси маҳаллӣ, ба ин назар аст, ки фаъолони "Ҳизбуттаҳрир" дар вилояти Суғд, умдатан ҷавонмардони бекору фақир ва бидуни маълумотро бо ваъдаи додани маблағ ба сафи худ даъват мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, ки қисмати зиёди сокинонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст, замина барои фаъолияти густурдаи "Ҳизбуттаҳрир"-ро фароҳам мекунад.

Вале танҳо ҷавонмардон нестанд, ки ба сафи аъзои "Ҳизбуттаҳрир" мепайванданд. Дар чанд соли ахир мақомот аз боздошти занони "таҳрирӣ" низ хабар медиҳанд.

Ахиран як зани 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се кӯдаки хурдсол дорад, низ ба гумони узвият дар "Ҳизбуттаҳрир" ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, ин зан то синфи нӯҳум таҳсил карда, дар ҷое кор намекардааст.

Дар ҳамин ҳол додгоҳи Узбакистон як шаҳрванди узбактабори Тоҷикистонро ин ҳафта бо иттиҳоми ширкат дар бомбагузории соли 2004 дар Тошканд барои муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG