Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти беҳдоштии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 50 масҷиди ин минтақаро таҳти санҷиш қарор додааст. Ҷамшед Рофиев, мудири маркази санитарии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин санҷишҳо мониагузорӣ ба кори масҷидҳо нест, балки таҳияи шароити хубтар барои намозгузорон ва ҳифзи сиҳҳати онҳост. Ҷамшед Рофиев афзуд, ки онҳо асосан тозагии таҳоратхонаву намозгоҳ ва атрофи масоҷидро тафтиш хоҳанд кард.
Ахиран бо баҳонаҳои мухталиф танҳо дар Душанбе ҳудуди 20 масҷид тахриб шуд. Феълан дар Тоҷикистон тақрибан 3700 масҷиди панҷвақтаву ҷомеъ ва марказӣ сабти ном шудааст.
XS
SM
MD
LG