Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бар асари ду бомбгузорӣ алайҳи автобусҳои ҳомили кормандони артиши баҳрии Покистон дар шаҳри Карочӣ 4 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис мегӯяд, ин ду таркиш субҳи сешанбе дар фосилаи ҳамагӣ 15 дақиқа дар ду минтақаи мухталифи Карочӣ рух дод. Ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Карочӣ пойтахти тиҷоратии Покистон маҳсуб шуда, собиқаи тӯлонии даргириҳои хунини қавмиву сиёсӣ ва мазҳабӣ дорад.
XS
SM
MD
LG