Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико рӯи таҳримоти бештар зидди Асад меандешад


Ҳамлаи тонкҳо ба Даръо
Ҳамлаи тонкҳо ба Даръо
Вазорати хориҷаи Амрико дар пасманзари нигарониҳо аз хушунатҳои афзояндаи ношӣ аз саркӯбии низомии эътирозҳо дар Сурия аз ҳайъати ғайримуҳими сафораташ дар ин кишвари арабӣ ва аъзои хонаводаи кормандони ин сафорат хостааст, ки аз Сурия хориҷ шаванд. Рӯзи душанбе дар пайи вуруди тонкҳову сарбозҳо ва болои тазоҳургарон оташ кушодани снайперҳо дар шаҳри ҷанубии Даръо дастикам 39 нафар кушта ва 70 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин нахустин мавриди истифодаи тонкҳо алайҳи тазоҳургарон тайи 6 ҳафтаи эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад буд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, аз оғози эътирозҳои Сурия ҳудудан 400 нафар ҷон бохтаанд.
Кохи Сафед гуфт, дар пайи ин саркӯбкарданҳо мавзӯъи эъмоли таҳримоти бештар алайҳи режими Асадро меомӯзад.
XS
SM
MD
LG