Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳавоии НАТО дар 13 апрел дар улусволии Дангоми вилояти шарқии Кунар мунҷар ба ҳалокати як раҳбари аршади Ал-Қоида шудааст. Ин нафари маъруф бо лақабҳои Абӯҳафс Наҷдӣ ва Абдулғанӣ масъули бомбгузориҳои интиҳорӣ ва ҷамъоварии маблағ барои ин шабака шинохта мешуд. Эътилоф мегӯяд, дар ин ҳамлаи ҳавоӣ Ваққос, як раҳбари дигари Ал-Қоида низ кушта шуд. Наҷдӣ шаҳрванди Саудӣ буда, амалиётҳои Ал-Қоида дар Кунарро раҳбарӣ мекард ва пайваста байни Афғонистону Покистон равуо дошт. НАТО мегӯяд, Наҷдиро аз соли 2007 таъқиб мекард ва вақти мулоқоташ бо Ваққос гирифт.
XS
SM
MD
LG