Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имтиҳони "Рӯҳнома" барои хатмкунандагон лағв шуд


Мақомоти Туркманистон имтиҳони ҳатмӣ аз китоби “Рӯҳнома”-и раҳбари собиқи ин кишвар Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбоширо барои хатмкунандагон лағв кардаанд. Толибилмони туркман акнун ба ивази “Рӯҳнома” аз улуми компутарӣ имтиҳон хоҳанд супурд. Ин иқдом зоҳиран гоме дигар дар роҳи аз байн бурдани парастиши шахси Туркманбошист. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё имтиҳони “Рӯҳнома” дар донишгоҳҳо боқӣ мондааст ё хайр.
Туркманбошӣ, ки 5 сол пеш даргузашт, ҳанӯз дар соли 2004 имтиҳон аз “Рӯҳнома”-ро дар тамоми макотиб ҳатмӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG