Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри ихроҷи як мақоми сафорати Эрон дар Баҳрайн


Баҳрайн як мақоми сафорати Эронро ба ҳузур хонда, бо гумони иртиботаш бо як ҳалқаи ҷосусии ахиран дар Кувайт кашфшуда амр кардааст, ки дар зарфи 72 соат аз кишвар хориҷ шавад. Хабаргузории BNA ин мақомро Ҳуҷҷатуллоҳ Раҳмонӣ ном мебарад. Дар авоили моҳи равон, Кувайт низ 3 дипломат ва як корманди сафорати Эронро бо гумони ҷусусӣ ихроҷ карда буд.
Ин силсилаи ихроҷҳо дар ҳолест, ки танишҳо байни Эрони таҳти султаи шиъаҳо ва кишварҳои халиҷи Форс, ки аз сӯи ҳокимони суннӣ идора мешаванд, шиддат гирифтааст. Дар моҳи март нирӯҳои таҳти раҳбарии Саудия ба хотири кумак ба нирӯҳои амири суннии Баҳрайн дар роҳи саркӯбиии эътирозҳои таҳти раҳбарии шиъаҳо дар ин ҷазиракишвари халиҷ мустақар шуданд.
Эрон имрӯз гуфт, ҳаққи иқдоми ҷавобӣ ба амали ахири Баҳрайнро пеши худ нигоҳ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG