Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як раҳбари аршади Ал-Қоида дар Кунар


ISAF, нирӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон мегӯянд, як марди саудиро, ки аз раҳбарони аршади шабакаи Ал-Қоида ва нафари дуввум дар феҳрасти чирикиҳои таҳти пайгарди шадидтарин шинохта мешуд, ба ҳалокат расондаанд. ISAF мегӯяд, Абӯҳафс Наҷдӣ, ки бо номи Абдулғанӣ низ маъруф буд, рӯзи 13 апрел дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти шарқии Кунар кушта шуд. Ба гуфтаи ISAF , Абӯҳафс масъули ҳамоҳангсозии «як силсила ҳамлаҳои баланд» буд.
Аммо сухангӯи ин нирӯҳо майор Майкл Ҷонсон «ба далоили амниятӣ» аз ироаи ҷузъиёти амалиёт ва ифшои исми нафаре, ки дар феҳрасти чирикиҳои таҳти пайгард дар мақоми аввал аст, худдорӣ кард. Абӯҳафс аз сӯи Саудия низ таҳти пайгард қарор дошт ва вазорати умури дохилаи Арабистони Саудӣ дар рӯйхати 85 нафари таҳти пайгарди шадидаш исми аслии ӯро Солеҳ Ноиф ал-Махлафӣ зикр кардааст.
XS
SM
MD
LG