Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Украина маросими ёдбуди солгарди 25-уми садама дар нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил шурӯъ шуд. Ба ин муносибат дар Киев 25 маротиба зангӯла заданд. Асқафи калисои православии Русия Кирилл ба мардуми ҷамъшуда дар расми ёдбуди қурбониёни Чернобил гуфт, ҷаҳон фалокати бадтар аз Чернобилро дар даврони осоишта ёд надорад. Таркиши рӯзи 26 апрели соли 1986 дар нирӯгоҳи Чернобил мунҷар ба хуруҷи радиатсия ба аксари қаламрави Аврупо шуда, садҳо ҳазор нафарро маҷбур ба табдили макон кард.
XS
SM
MD
LG