Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” ва “Хайр” - пешсафони сабқати Лигаи олӣ


Чаҳор бозии даври чаҳоруми мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел баргузор шуд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар ин бозӣ нахуст Далер Раҷабов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро кушод. Баъдан Индус Ҳусейнов,
“Истиқлол” дастаест, ки ягон имтиёзро аз даст надодааст ва бегоҳи 26-уми апрел, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи “Хуҷанд” бозӣ хоҳад кард...
ҳамлагари мизбонон, дар нимаи дуввуми дидор (дар дақиқаҳои 85-ум ва 89-ум) ду гол ба самар расонд.

Кӯлобиҳо дар чаҳор бозӣ дар майдони худ 10 имтиёз ба даст оварданд ва дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромаданд. Вале ССКА “Помир”, ки дар мусобиқоти имсола нахустин бор шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз ба ҷои чаҳорум фуромад.

Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар меҳмонӣ ба дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯбро ҳамлагар Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 73-юм вориди дарвозаи мизбонон кард.

“Хайр” низ 10 имтиёз ба даст овардааст ва бо дарназардошти таносуби тӯбҳо (6-1) пас аз “Равшан” (9-3) дар ҷои дуввум қарор гирифтааст.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 9 имтиёз дар ҷои севум мебошад.



“Истиқлол” дастаест, ки ягон имтиёзро аз даст надодааст ва бегоҳи 26-уми апрел, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи “Хуҷанд” бозӣ хоҳад кард.

Бозии ду дастаи шаҳри Душанбе - “Гвардия” ва “”Энергетик”, ки дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар баргузор шуд, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол поён ёфт. Ҳарду даста 4-имтиёзӣ доранд ва аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Энергетик” (3-5) дар ҷои панҷум ва “Гвардия” (2-5) дар ҷои шашум мебошанд.

Дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар сафар тими мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голро Фирдавс Қурбонов дар дақиқаҳои 27-ум ва 86-ум ва як голро Комрони Мирзохон дар дақиқаи 43-юм заданд.

Ин нахустин пирӯзии ҳисориҳо маҳсуб мешавад ва “Шодмон” бо 3 имтиёз ба ҷои 7-ум баромад. Вале “Парвоз”, ки дар чаҳор бозӣ бо ҳисоби якхелаи 0:3 шикаст хӯрдааст, дар зинаи охирин – 11-ум ҷой гирифтааст. Воқеъан, “Парвоз” ягона дастаест, ки то ҳоло гол назадааст.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки аз бозии даври чаҳоруми мусобиқот озод буд, бо 3 имтиёз ба ҷои 8-ум фуромад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо сеголӣ дар мақоми аввал қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Б Ғ М Б Т И
1.“Равшан” 4 3 1 0 9-3 10
2.“Хайр” 4 3 1 0 6-1 10
3.“Истиқлол” 3 3 0 0 9-0 9
4.ССКА “Помир” 4 3 0 1 9-4 9
5.“Энергетик” 3 1 1 1 3-5 4
6.“Гвардия” 3 1 1 1 2-5 4
7.“Шодмон” 4 1 0 3 8-9 3
8.“Регар-ТадАЗ” 3 1 0 2 5-7 3
9.“Хуҷанд” 3 1 0 2 3-5 3
10. “Вахш” 3 0 0 3 2-5 0
11. “Парвоз” 4 0 0 4 0-12 0

Бозии охирини даври 4-ум

26-уми апрел (сешанбе)

“Хуҷанд” - “Истиқлол”

Оғози ин бозӣ – соати 16.

Бозиҳои даври 5-ум

30-юми апрел (шанбе)

«Хайр» - «Гвардия»
«Шодмон» - «Вахш»

Оғози ин ду бозӣ – соати 16.

1-уми май (якшанбе)

«Истиқлол» - «Равшан»
«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Парвоз»

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG