Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик дар Санкт-Петербург ба ҳам меоянд


Гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик дар Русия созмонеро таъсис додаанд, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони ҷавон дифоъ мекунад.

Фаррух Сатторов, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯи тоҷик мегӯяд, ҷамъияти беш аз чиҳил ҳазорнафараи тоҷикони Санкт-Петербургро ҷавонон ташкил медиҳанд ва муҳоҷирони ҷавони тоҷик бештар бо сабаби
Дар донишгоҳҳои Санкт-Петербург беш аз 500 донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои техникӣ, мухобирот, ҳавонавардӣ ва тибб таҳсил мекунанд...
надонистани забону ҳуқуқҳои худ ба мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ мешаванд.

Вай мегӯяд, онҳо тасмим гирифтаанд, бо ҷалби донишҷӯёни фаъол, ки аз қонунҳои Русия огоҳанд, ба ҳамсолони дигари худ кӯмак расонанд.

Дар ин самт Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯи тоҷик дар Санкт-Петербург бо созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва "Салиби сурх" низ ҳамкорӣ доштааст.



Фаррух Сатторов
Ҷаноби Сатторов гуфт: "То ин вақт мо намедонистем, ки дар Петербург чӣ теъдод донишҷӯи тоҷик ҳаст, ҳама пароканда буданд. Ҷавонони дигар кишварҳо ҷамъиятҳои махсуси худро доштанд, мо надоштем. Фикр кардем, ки бояд як чунин созмон таъсис ёбад. Мо ҳамчунин дар доираи ин иттиҳодия ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки донишҷӯёни мо ташнаи ҷамъомадҳои фарҳангиву варзишӣ ҳастанд, чунин имкониятҳоро ҳам фароҳам овардем. Ҳоло дар чунин чорабиниҳо ширкат мекунему ғолиб меоем. Номи Тоҷикистонро боло мебарем. Ҷавонони дигар давлатҳо аксарият аввал намедонистанд, ки Тоҷикистон дар куҷо ва чӣ гуна кишвар аст. Ҳоло бошад метавонем озод гӯем, ки мо аз Тоҷикистонем ва моро мешиносанд."

ЗАРУРАТИ ТАЪСИСИ ИТТИҲОДИЯ

Хусрав Раҳматов, яке аз донишҷӯёни фаъоли тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, то замони таъсиси Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯи тоҷик, ҳолатҳои зиёде буд, ки муҳоҷирон барои кӯмак, ё масалан барои ҳамроҳии онҳо дар ниҳодҳои расмӣ, ба ӯ ва дигар донишҷӯён муроҷиат мекарданд.

"Шахсан худам ба 7-8 нафар кӯмак расонидаам. Шӯъбаи милиса бояд мебурданд онҳоро, аммо онҳо забони русиро намедонистанд. Рафта сӯҳбат кардем, ҳадафи онҳоро фаҳмонидем. Боз мешаванд ҳолатҳое, ки бо муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо ба беморхонаҳо рафта ҳамчун тарҷумон кӯмак мерасонем. Хулоса, аксаран муҳоҷирон хостори таъсиси ин хел созмони махсус буданд, ки ба онҳо кӯмак бикунад. Мо ҳам тасмим гирифтем, ки барояшон чунин созмон таъсис диҳем"
,-илова кард ӯ.

ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Назар Мирзода, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург
Дар Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи тоҷик, ҳамчунин ба донишҷӯёне, ки дар рафти аз худкунии барномаи таълимии донишгоҳҳо мушкил мекашанд, дасти ёрӣ дароз мешавад. Дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт- Петербурги Русия беш аз 500 донишҷӯи тоҷик, аксаран дар риштаҳои техникӣ, мухобирот, ҳавонавардӣ ва тиб таҳсили илм доранд.

Муҳаммадназар Мирзода, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург мегӯяд, аксари ин ҷавонон бо роҳҳои хусусӣ барои таҳсил ба ин шаҳр омадаанд. Ба қавли ӯ, солҳои ахир теъдоди ҷавонони муҳоҷире ҳам, ки кӯшиши идомаи таҳсил дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳоро мекунанд бештар мешавад. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Мирзода, аксаран ин гурӯҳи ҷавонон ва ҳам донишҷӯёни тоҷик дар Руссия ба кӯмаки молӣ ниёз доранд.

ҲАМА БАРОИ МУҲОҶИРОН?

Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург мегӯяд, барои ҳимояти ҷавонони фаъол бояд дар баробари созмону ҷамъиятҳо, фонд ё бунёдҳои вижае ташкил шаванд.

Дар зимн, дар қаламрави Русия як иттиҳодияи дигари ҷавонони муҳоҷири тоҷик ҳам фаъолият дорад, ки ҳадафаш кӯмак ба муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик аст. Ин созмон таҳсили як гурӯҳ ҷавонони фаъолро дар Русия сарпарастӣ низ мекунад.

Бо ин ҳол, гуфта мешавад дар Русия, ки шумори созмонҳои кор бо муҳоҷирон зиёд аст, созмону иттиҳодияҳое, ки фаъолияташон махсус ба ҷавонон равона шуда бошад, ангуштшуморанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксари муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар, ки теъдодашон ҳудуди ду миллион нафар тахмин зада мешавад, ҷавонон ташкил медиҳанд. Танҳо як бахши фаъолияти бархе аз созмонҳои зиёди кор бо муҳоҷирон, ба ин қишр бахшида шудааст.

"ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲО МУАССИР НЕСТ"

ٍУмеди Ҷайҳунӣ, як ҷавони фаъоли тоҷик, ки беш аз даҳ сол аст дар Русия кору зиндагӣ дорад, мегӯяд, аксари ин созмону иттиҳодияҳое ҳам, ки фаъолият мебаранд ба масоили фарҳангиву тафреҳӣ таваҷҷӯҳ карда ба дарди муҳоҷирони ҷавон намехӯрад ва ғолибан ҷавонон дар муҳоҷират мушкилоти фаровони худро бе кӯмаки онҳо ҳал мекунанд.

Ҷаноби Ҷайҳунӣ афзуд: "Вақте мушкили ҷиддӣ пеш меояд, ин созмонҳо коре карда наметавонанд. Мушкили аслие, ки муҳоҷирони мо ин ҷо доранд, мушкили ҳуҷҷату ҳуқуқӣ аст. Агар шиноснома ё кадом ҳуҷҷате гум кунанд ба сафорат муроҷиат мекунанд. Вале фаъолияти созмонҳоеро, ки бевосита ба мушкили ҷавонҳо расидагӣ кунанду ба дарди онҳо гӯш бидиҳанд, ман надидаам."

Аммо аз сӯи дигар ба қавли Ҷайҳунӣ, сабти ном кардани созмони ҷиддиву ҳуқуқӣ дар Русия кори осон ҳам нест. Ба гуфтаи ӯ, аксаран ниҳодҳои марбутаи ин кишвар бо баҳонаҳои мухталиф дар таъсиси чунин созмонҳо монеа эҷод мекунанд.

Бо ин ҳама, Фаррух Сатторов, раҳбари созмони навтаъсиси Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯи тоҷик дар Санкт-Петербург, ки пас аз ду сол тавонистааст ҷамъияти мазкурро ба расмият дарорад мегӯяд, онҳо омодаанд ба ҳар муҳоҷиру ҷавони корафтодае дар ин шаҳр дасти кӯмак дароз кунанд ва бовар доранд, ки муҳоҷирон ба фаъолияти як чунин созмон эҳтиёҷ доранд.
XS
SM
MD
LG