Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сомонаи WikiLeaks бахши нави асноди сиррии ИМА, ин дафъа дар робита ба Гуантанаморо, нашр кард

Матолиби нашршуда ҳокист, ки дар маҳбаси пойгоҳи Гуантанамо афроди зиёди бегуноҳ нигаҳ дошта мешуданд.
Асноди нашршуда ҳокист, ки 150 сокини осоиштаи Афғонистону Покистон тасодуфан ба Гуантанамо интиқол ёфтанд ва маҷбур буданд, ки солҳои зиёд ҳалли қазияи худро интизор шаванд...


Ин аснод варақаҳои иборат аз як ё ду сафҳа мебошанд, ки дар онҳо дар бораи чӣ гуна боздошт шудану ба Гуантанамо интиқол ёфтани маҳбус ва тавсияҳо дар бораи бархӯрди минбаъда бо ӯ сабт шудааст.

Ҳуҷҷатҳо дар бораи 780 маҳбуси Гуантанамо ҳам дар худи сомона ва ҳам дар чанд рӯзномаи амрикоиву аврупоӣ, аз ҷумла, дар New York Times ва The Gardian нашр шудаанд.

"АСНОДИ НАШРШУДА КӮҲНААНД"

Вазорати дифои Амрико аз фош шудани ин аснод изҳори таассуф кард ва ҳамзамон гуфт, ки бештари маълумоти ин аснод аллакай кӯҳна шудаанд.



Ҷей Карнӣ, намояндаи Кохи Сафед, гуфт, Вашингтон нашри асноди нави сирриро чун ошкор сохтани дигар ҳуҷҷатҳо дар робита ба ҷангҳо дар Ироқу Афғонистон аз сӯи сомонаи WikiLeaks маҳкум мекунад. Дар сӯҳбат бо

хабарнигорон дар Вашингтон ӯ гуфт, "фикр мекунем, ки тасмими New York Times ва дигар расонаҳо барои нашри асноди зиёди ғайриқонунӣ ба даст омада, он қадар муваффақ набуд".

Бар пояи асноди нашркардаи WikiLeaks фақат 220 маҳбус террористҳои хатарнок маҳсуб мешуданд. 150 нафар сокинони бегуноҳи Афғонистону Покистонанд, 380 нафари дигар сарбозони сатҳи поинанд, ки имкони дар ихтиёри хадамоти кашф гузоштани иттилоъеро надоранд.

Вале ҳангоми бозҷӯӣ баъзе маҳбусон аз тарҳрезии ҳамлаҳо ба мусассисаҳои амрикоиву бритониёвӣ ҳам хабар додаанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, мусаллаҳони “Ал-Қоида” мехостанд, ки таҷҳизоти ҳастаиро пинҳонӣ ба Аврупо оварда дар сурати боздошти Усома Бин Лодин онро мунфаҷир кунанд.

ЧӮПОН ДАР ГУАНТАНАМО


Асноди нашршуда ҳокист, ки 150 сокини осоиштаи Афғонистону Покистон тасодуфан ба Гуантанамо интиқол ёфтанд ва маҷбур буданд, ки солҳои зиёд ҳалли қазияи худро интизор шаванд.

Умар Абдуллоев, охирин тоҷики Гуантанамо
Аз ҷумла, аз афғоне бо номи Шарбат намуна оварда шудааст, ки ба қавли худаш, чӯпон буд ва аммо бо иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори минаи рӯи раҳ дар моҳи майи соли 2003 боздошт ва ба Гуантанамо интиқол дода шуд.

New York Times хабар додааст, ки мутахассисон баъди тафтиш гуфтаҳои ин марди афғонро тайид карданд ва аммо додгоҳи низомӣ ӯро муҷрим донист ва ба муддати тулонӣ маҳкум ба зиндон кард.

Нашрияи The Gardian бошад хабар додааст, миёни маҳбусон сокини 89-сола ва ноқисулақли як рустои Афғонистон ва навраси 14-солаи гумонбар дар одамрабоӣ ҳам буданд.

УМАР БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТАНӢ НЕСТ

Ёдовар мешавем, ки миёни маҳбусони Гуантанамо 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам буданд, ки аксари онҳо ба ватан истирдод шуданд.

Айни ҳол дар яке аз додгоҳҳои Амрико бознигарии парвандаи Умар Абдуллоев, охирин маҳбуси тоҷики Гуантанамо, идома дорад. Умар аз бозгашт ба Тоҷикистон сарпечӣ кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Амрико мегӯянд, ки, тарси Умар Абдуллоев аз бозгашт ба ватанаш бепоя нест, зеро чанд бандии дигари тоҷик, аз ҷумла, Руҳиддин Шарипов ва Собит Валихонов баъди истирдод ба Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

ОБАМА БА ВАЪДА СОДИҚ МЕМОНАД

Моҳи январи соли 2009 раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ваъда дода буд, ки тайи як сол маҳбас дар пойгоҳи Гуантанаморо мебандад. Ва аммо ӯ ба бастани маҳбас муваффақ нашуд ва моҳи март дубора ба мурофиаҳои додгоҳии низомӣ иҷоза дод.

Кохи Сафед мегӯяд, ки Обама ба тасмими худ барои дар ниҳояти кор бастани маҳбаси Гуантанамо содиқ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG