Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз аз қурбониёни фоҷиаи Чернобил ёд мекунанд


Дар Украина, Русия ва Белорус имрӯз аз қурбониёни фоҷиаи Чернобил ёд меоваранд. Имрӯз аз инфиҷор дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил 25 сол сипарӣ мешавад.

Қарор аст, ки дар Маскав, Санкт-Петербург, Киев ва дигар шаҳрҳо гирдиҳамоиҳо ва маҳфилҳои ёдбуди қурбониёни фоҷиа баргузор шавад.

Ҳизби "Яблоко" дар канори бинои вазорати энерҷии ҳастаии Русия пикет бо талаби бастани ҳама нерӯгоҳҳои ҳастаии амсоли Чернобилро доир хоҳад кард.

Дар шаҳри Минск мухолифини ҳукумат дар як гирдиҳамоӣ аз қурбониёни садамаи Чернобил ёд меоваранд ва аммо ин дафъа онҳо аз райпаймоӣ ба ин муносибат худдорӣ хоҳанд кард - мақомот барои баргузории раҳпаймоӣ иҷоза надоданд.
XS
SM
MD
LG