Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҳияи қатъномаи Шӯрои амниятии СММ алайҳи Димишқ


Бритониё, Олмон ва Фаронса тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита бо саркӯбшавии тазоҳуроти мардумӣ аз сӯи ҳукумати Сурияро таҳия мекунанд.

Аз ин пештар ИМА эълом дошт, ки имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурияро баррасӣ мекунад. Ҷей Карнӣ, намояндаи Кохи Сафед, ахиран дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, "мо барои он пойфишорӣ дорем, ки раисиҷумҳур Асад ва ҳукумати ӯ ваъдаҳои худро иҷро кунанд – аз ҷумла, вазъи фавқулоддаро лағв ва ислоҳотро шурӯъ намоянд ва албатта ба хушунат алайҳи мардуми худ хотима гузоранд".

Ҷей Карнӣ афзуд, Вошингтон мутмаин аст, ки таҳримҳо метавонанд фишанги таъсир ба режими Сурия бошанд.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Даръои Сурия бар асари бархӯрди эътирозгарон бо кормандони полис тақрибан 40 нафар кушта ва беш аз 70 кас маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти Сурия ба хиёбонҳои ин шаҳр артиш ва зиреҳпӯшҳоро ворид кардаанд.

Намояндаи ҳукумати Сурия дар суханронӣ аз тариқи телевизион изҳор намуд, ки низомиён бо даъвати мардуми маҳаллӣ ба хотири аз байн бурдани гурӯҳҳои ифротгарову терористӣ эъзом шудаанд. Гуфта мешавад, ки артиш нерӯҳояшро дар канори шаҳри Димишқ ҳам ҷойгир кардааст.
XS
SM
MD
LG