Пайвандҳои дастрасӣ

Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки ҳавои имрӯзи Тоҷикистон асосан софу беғубор хоҳад шуд.

Дар Душанбе фақат шом ҳаво абрӣ шуда, каме борон меборад. Ҳаво аз 21 то 31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои офтобӣ дар назар аст ва 27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳарорати ҳаво то 35 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ рӯзона то 25 дараҷа ва шом то 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои гарм дар назар аст ва аммо дар баъзе манотиқ, аз ҷумла, дар ноҳияи Турсунзода, шом борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво аз 24 то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG