Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрону Бағдод муҷримонро истирдод мекунанд


Муртазо Бахтиёрӣ ва Ҳасан Ал-Шамарӣ
Муртазо Бахтиёрӣ ва Ҳасан Ал-Шамарӣ
Эрону Ироқ дар мавриди истирдоди муҷримон ба созиш расиданд. Санадро дар ин бора вазирони адлияи ду кишвар Муртазо Бахтиёрӣ ва Ҳасан Ал-Шамарӣ дар Теҳрон имзо карданд.

Бархе аз расонаҳои эронӣ навиштанд, бар пояи созиш фирониёни эроние, ки дар ватанашон дар терроризм айбдор мешаванд, ба Эрон истирдод хоҳанд шуд.

Ва аммо муовини вазири адлияи Ироқ гуфтааст, ки бар пояи созиш фақат ҷинояткорон истирдод мешаванд ва он алайҳи Созмони муҷоҳидини халқ равона нахоҳад шуд.

Аввалҳои моҳи апрел нерӯҳои амниятии Ироқ дар қароргоҳи паноҳандагони эронӣ дар Ашраф, воқеъ дар 60 километрии Бағдод, амалиёти вижа доир карданд.

Ба гуфтаи Навӣ Пиллай, раиси Идораи ҳуқуқи башари СММ, дар ҷараёни ин амалиёт 34 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG