Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Вошингтон аз коргузорӣ дар полиси афғон


Мақомоти Афғонистон дар бораи теъдоди корманди полиси кишвар маълумот надоранд ва мутмаин нестанд, ки ҳама афроди вориди ҳуҷҷатҳои молиявӣ дар полис хизмат мекунанд.

Дар ин бора муфаттишон аз ҳукумати Амрико баъд аз анҷоми тафтишот изҳорот нашр карданд.

Муфаттиши вижа оид ба бозсохти Афғонистон Ҳерберт Ричардсон мегӯяд, ки дар таҳияи асноди молиявӣ бенизомӣ ба чашм мерасад ва аҷаб нест, ки ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳои маоши кормандони полис тақаллуб ҷой дошта бошад.

ИМА ва дигар кишварҳо барои эҳёи нерӯҳои амниятии Афғонистон миллиардҳо доллар сарф мекунанд.
XS
SM
MD
LG