Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Даръои Сурия баъд аз вуруди артиш ва зиреҳпӯшҳо ба хиёбонҳо дасти кам 25 нафар кушта шуданд.

Намояндаи ҳукумати Сурия дар суханронӣ аз тариқи телевизион изҳор намуд, ки низомиён бо даъвати мардуми маҳаллӣ ба хотири аз байн бурдани гурӯҳҳои ифротгарову терористӣ эъзом шудаанд. Гуфта мешавад, ки артиш нерӯҳояшро дар канори шаҳри Димишқ ҳам ҷойгир кардааст.

Дар ҳамин ҳол ИМА имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурияро баррасӣ мекунад. Ҷей Карнӣ, намояндаи Кохи Сафед, ахиран дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, "мо барои он пойфишорӣ дорем, ки раисиҷумҳур Асад ва ҳукумати ӯ ваъдаҳои худро иҷро кунанд – аз ҷумла, вазъи фавқулоддаро лағв ва ислоҳотро шурӯъ намоянд ва албатта ба хушунат алайҳи мардуми худ хотима гузоранд".

Ҷей Карнӣ афзуд, Вошингтон мутмаин аст, ки таҳримҳо метавонанд фишанги таъсир ба режими Сурия бошанд.
XS
SM
MD
LG