Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии Шӯрообод мегӯянд, ҳамакнун харитаи заминҳои минакоришудаи ноҳияро дар даст доранд.

Пештар гуфта мешуд, ин харитаро марзбонони рус дар соли 2005 ҳангоми тарки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо худ бурдаанд.
Кӯҳу ғорҳои касногузар дорад. Роҳ надорем, ҳамин қад-қади дарёи Панҷ, ки техникаҳову сарбозон рафтуомад кунанд...

Дар ин нақша мавзеъҳои душворгузари марзӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби марзбонони рус минкорӣ шудаанд, нишонаҳои дақиқ доранд. Бидуни он поккории заминҳои минкоришуда ба маротиб мушкил буд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи онҳо, ҷониби Русия дар супурдани ин харита ба ихтиёри минрубони тоҷик таъхир мекард.

Хамакнун, Хушқадам Қадамов, сардори қисми ҳарбӣ дар марзи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дигар дар поккории заминҳо аз мин ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҳудуди ноҳияи ҳамагӣ 18 ҳектор замини минкоришуда боқӣ мондааст, ки дар солҳои наздик поккорӣ хоҳад шуд.

Хушқадам Қадамов
Сарҳанг Қадамов мегӯяд: «Дар мавзеи Шоун ва Сари Ғор ҳоло чидани мина давом дорад. Дар ин минтақа минаҳои зидди пиёдагард ҳам ҳаст ва ҳам зиддитанкӣ. То соли 2015 ноҳияи Шӯрообод пурра аз мина тоза карда мешавад.»

Ба гуфтаи мақомот, таи ду соли охир ягон ҳодисаи инфиҷори мин дар ин ноҳия сабт нашудааст, ҳарчанд, солҳои пеш бар асари таркиши мин сокинон ва ҳайвоноти хонагии онҳо зиён дидаанд.

Бино бар нақшаи дастрасшуда, марзбонони рус дар ҷо-ҷое аз 35 ҳазор ҳектор замини душворгузари марзӣ минҳои зидди нафар гузоштаанд.

Шариф Қурбонамдов, сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, русҳо ба хотири сабукии кори худ ин минтақаро минкорӣ карда буданд. Ба гуфтаи ӯ, барои онҳо зиён дидани сокинон аз ин ҳисоб муҳим набуд: «Онҳо кори худашонро сабук мекарданд. Дигар парво надоштанд, ки мардум зарар мебинад ё не. Чанд нафар аспу хару говаш таркид, чанд каси дигар аз поюу дасташ маҳрум шуд.»

Истифодаи заминҳои минкоришуда то кунун номумкин буд. Аммо Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, дар сурати пурра тоза шудани ин заминҳо чарогоҳҳои ин мавзеъ ба пуррагӣ истифода хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Икромов, ҳамоно ин минтақа бо сабаби надоштани роҳ минтақаи душворгузари марзӣ боқӣ мондааст.

Амирхон Икромов
«Кӯҳу ғорҳои касногузар дорад. Роҳ надорем, ҳамин қад-қади дарёи Панҷ, ки техникаҳову сарбозон рафтуомад кунанд. Ҳамон мазеи 35 ҳазоргектараро назораташ бисёр мушкил аст. Ба фикри ман, агар ҳамон симхорҳоро барқарор кунем, боз осонтар мешавад.»


Ноҳияи Шӯрообод дар ҷануби Тоҷикистон наздики 150 километр бо Давлати Исломии Афғонистон хатти марз дорад. Аммо мушкилоти зиёде назорати марзро душвор мегардонад. Дар ҳамин ҳол, масъулони ноҳия мегӯянд, Сафорати Амрико ба онҳо ваъда кардааст, ки дар бунёди роҳҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ кӯмак хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG