Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, Ғозиев дар Қафқози Шимолӣ кушта шудааст


Нируҳои амниятии Русия як узви боломақоми шӯришиёни исломиро дар Қафқози Шимолӣ ба қатл расондаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Николай Синцов-сухунгӯи Кумитаи зиддитеррори Русия гуфтааст, Ҳоҷияв Ғозиев дар тирандозии миёни нируҳои амниятӣ ва шӯришиён дар ҷараёни амалиёт дар Доғистон ҳамроҳ бо як шӯришии дигар ба қатл расонда шудаанд. Кумитаи мазкур гуфтааст, Ғозиев яке аз раҳбарони шӯришӣ дар Қафқози Шимолӣ будааст.
XS
SM
MD
LG