Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии вакили собиқи парлумон Сайвалӣ Нуров бо ҳафтаномаи «Чархи гардун» имрӯз, 25-уми апрел дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ идома ёфт.

Намояндаи ваколатдор ва вакили мудофеъи Сайвалӣ Нуров аз суд хоҳиш намуданд, ки аз сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, ки дар парванда ба симмати ҷавобгар эътироф шудааст, барои роҳ додан ба тӯҳмат ва таҳқир дар хабари ««Депутати авбош» -ро говсуд мекунанд?» ба маблағи 1000 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима ситонида шавад. Додгоҳ баррасии масъаларо ба фардо рӯзи 26-уми апрели соли 2011 вогузор намуд. Дар назар аст, ки дар ин мурофиа додгоҳ пас аз шунидани сухани охирини айбдоршаванда – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, ҳукмашро содир кунад.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» М. Мақсадуллоҳ, дар хабари мазкур ягон аломати таҳқир ва тӯҳмат мавҷуд нест, зеро мегӯяд ӯ, дар он танҳо ба далели кушодашавии парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомот такя карда шуда буд. Ӯ мегӯяд: «Ҳамчунин, мо дар иттилои пахшшуда ҳеҷ гуна тасдиқ ва ё инкор накардем, ки ӯ авбош ҳаст ё нест, зеро сарлавҳа саволӣ буд ва аз тарафи дигар исботи авбош будан ё набудани ӯ салоҳияти мақомоти судист, ҳарчанд худи кушодашавии парвандаи ҷиноятӣ мантиқӣ нест, чунки ин баҳс бояд дар асоси Кодекси гражданӣ муҳокима шавад, на дар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ…».

Даъвои намояндаи собиқи парлумон аз болои роҳбарияти ҳафтаномаи «Чархи гардун» он аст, ки ҳафтанома зимни чопи хабари «Депутати авбош» -ро говсуд мекунанд?» нисбати шахсияти ӯ тӯҳмат ва таҳқирро ба кор бурдааст. Баҳси ҳафтанома бо С. Нуров аз он маншаъ мегирад, ки Прокуратураи вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2010 аз рӯи кирдорҳои экс –депутати парлумон Сайвалӣ Нуров парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Сабаби кушодани парвандаи ҷиноятии мазкур аризаи хаттии раиси комиссияи участкаи интихоботии №20 –и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров гардида буд, ки тибқи шикоятномаи ҷабрдида, номзад ба депутатии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди участкаи интихоботӣ ва дар ҳузури шоҳидон ӯро латукӯб намудааст.

Суди ноҳияи Бохтар собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва намояндаи президент дар ноҳияи Вахш Сайвалӣ Нуровро дар авбошӣ муттаҳам донист. Суд пас аз баррасии тӯлонӣ Сайвалӣ Нуровро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар), маҳкум кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG