Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина 25-солагии фоҷеаи Чернобилро баргузор мекунад


Нишонае ба хотири қурбониёни Чернобил
Нишонае ба хотири қурбониёни Чернобил
Украина ба баргузории 25-ӯмин солгарди фоҷеаи ниругоҳи ҳастаии Чернобил омодагӣ мегирад. 26-ӯми апрели соли 1986 дар ин ниругоҳ инфиҷор рух дод ва арбрҳои радиоактивӣ ба қисмати бештари Аврупо паҳн шуд. Ҳазорон нафар аз аҳолии минтақаҳои осебдидаи Украина, Белорус ва Русияи ғарбӣ ба манотиқи дигар кӯч дода шуданд. Ҳафтаи гузашта дар як конфронси байналмиллалӣ дар Киев-пойтахти Украина аз кишварҳои кӯмакрасон 798 миллион доллар ворид шуд ва ин пулҳо барои сохтмони сарпӯши нави болои ниругоҳи ҳастаии Чернобил истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG