Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25 сол пеш фоҷеаи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи атомии Чернобил дар Украина дунёро такон дод.

Таркиши реактори ҳастаии нерӯгоҳи Чернобили Украина, ки дар таърихи 26-уми апрели соли 1986 ба вуқӯъ пайвастааст, эътимоди мардум ба истифодаи нерӯи ҳастаиро заиф кард, вале комилан аз байн набурд. Солҳои баъди фоҷеа, кишварҳо барномаҳои бунёди нерӯгоҳҳои ҳастаии навро суст карданд, вале дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми нерӯи ҳастаӣ дар ҷояш боқӣ монд ва 16 дарсади нерӯи барқро ҳамоно нерӯгоҳҳои ҳастаӣ тавлид мекарданд.

ЧЕРНОБИЛ-ФОҶИАЕ, КИ ДУНЁРО ТАКОН ДОД

Дар ибтидои асри 21-ум ҳамзамон бо болоравии нархи маводи сӯхт фазои

Ёдгории қурбониён дар шаҳри Чернобил

муносибе барои бунёди нерӯгоҳҳои ҳастаӣ фароҳам оварда шуд, ки баъзеҳо онро давраи эҳёи ҳастаӣ номидаанд. Бар иловаи 443 нерӯгоҳи ҳастаии фаъол, кишварҳои мухталиф барномаи бунёди 64 нерӯгоҳи навро мавриди иҷро қарор додаанд. Соли 2010-ум ҳатто ИМА ҳам иброз дошт, ки тақдими қарзи баробар бо 8 миллиард доллар барои сохтмони нерӯгоҳҳои нави ҳастаиро кафолат медиҳад.

Аммо эҳтимол таркиш дар нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон, ки моҳи марти соли равон дар пайи заминларзаи бузург ва мадду ҷазри фавқулодда ба амал омадааст, итминон дар мавриди бехатарии нерӯгоҳҳои ҳастаиро аз байн барад. Майоко Накаҳара, яке аз мухолифини бунёди нерӯгоҳҳои ҳастаӣ мегӯяд: “Муддате буд, ки ман аз истифодаи нерӯи ҳастаӣ дар Япония нигаронӣ доштам. Агар мо ҳозир бо истифода аз вазъи муносиб бар зидди он қиём накунем, ба фикрам ҳеҷ гоҳ аз он халос намешавем.”

ФУКУШИМА ЧЕРНОБИЛРО ДАР ЁДҲО ЗИНДА КАРД

Ҳоло шуои радиоактиве, ки аз нерӯгоҳи Фукушима ба фазои атроф меравад, бо заҳролудшавӣ дар Чернобил муқоиса мешавад. Чину Олмон иброз доштаанд, ки бори дигар амнияти нерӯгоҳҳои ҳастаиро таҳқиқ мекунанд.

Нерӯгоҳи Фукушимо

Ҷеймс Актон, пажӯҳишгари ҳастаии Бунёди сулҳи байналмилалии Карнегӣ, мақарраш дар Вашингтон мегӯяд, набояд мунтазир шуд, ки аксуламал ба фоҷеаи Фукушима яксон шавад: “Дар кишварҳое, ки афкори омма аҳамият дорад, таркиши Фукушима ба истифода аз нерӯи ҳастаӣ таъсири манфӣ мерасонад.”

Феълан ин гуна кишварҳое, ки дар он афкори омма муҳим аст, се ҷои аввали рӯйхати истифодабарандагони нерӯи ҳастаиро ишғол кардаанд: Дар ИМА 104, дар Фаронса 58 ва дар Япония 54 нерӯи ҳастаӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтаанд.



ОСИЁ -- МАРКАЗИ ОЯНДАИ НЕРӮИ ҲАСТАӢ?

Аммо Виталий Федченко, пажӯҳишгари маркази Сулҳи байналмилалии шаҳри Стокҳолм мегӯяд, зоҳиран фоҷеаи Фукушима ба тасмими Русия дар бораи истифодаи нерӯи ҳастаӣ таъсире нагузоштааст: “Дар ҳоле, ки содирот баҳс мешавад, истифодаи нерӯи ҳастаӣ амали мусбат арзёбӣ

Нерӯгоҳи Натанз дар Эрон

мешавад, зеро онҳо муқобили афзоиши содироти маводи сӯхти хом буда, аз истифодаи маҳсулоти пешрафтаи илмӣ пуштибонӣ мекунанд.”

Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ таъкид мекунад, ки ҳоло кишварҳои қораи Осиё беш аз ҳама ба нерӯи ҳастаӣ таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд: Аз 64 нерӯгоҳи ҳастаии сохташаванда 39 –тоаш дар Осиё аст.

Ҳамзамон бо пайгирии бӯҳрони ҳастаии Фукушима, мухолифини нерӯи ҳастаӣ мегӯянд, ҳамон суолҳое, ки баъди фоҷеаи Чернобил зуҳур намуда буданд, посухи худро пайдо накардаанд: Оё имконе ҳаст, ки нерӯгоҳҳои ҳастаии нав дар ҳоли вуқӯи фоҷеаи табиӣ ва ё камбуди корӣ фазоро заҳролуд накунанд? Оё роҳе ёфт шудааст, ки дар сурати вуқӯи таркишҳои ҳастаии оянда аз заҳролудшавии радиоактивӣ ҷилавгирӣ кунад?

Ба гуфти аксари шореҳон, ин суолҳо ҳамроҳ бо рушди истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаӣ боқӣ мемонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG