Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи заминҳои минкоришуда дар марз бо Афғонистон


Мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод харитаи заминҳои минкоришудаи ин ноҳияро дастрас кардаанд. Пештар гуфта мешуд, ки ин харита дар дасти марзбонони рус аст ва онҳо ҳангоми тарки марз дар соли 2005 ин харитаро бо худ бурдаанд. Хушқадам Қадамов-сардори қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Шӯрообод ба радиои Озодӣ гуфт, акнун бо дастрасӣ ба харитаи заминҳои минкоришуда поккории минтақаҳои мамнӯъ осонтар мегардад. Қадамов мегӯяд:
“Сарҳадбонони Русия онро ба мо супурдаанд. Ҳозир аз тарафи раёсати минатозакунӣ дар минтақаи Шоғул ва Сариғор корҳои минатозакунӣ идома дорад”
То соли 2005 марзи Тоҷикистону Афғонистонро марзбонони рус нигаҳбонӣ менамуданд. Дар соли 1992 ҳангоми шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ марзбонони рус минтақаҳои душворназоратро минкорӣ намуда буданд.
XS
SM
MD
LG