Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия аз Осетияи Ҷанубӣ дифоъ мекунад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш ҳар кори имкондоштаро анҷом хоҳад дод, то ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро аз “таҳрикоти низомӣ”-и Тифлис ҳимоят кунад. Русия соли 2008 ба таври мухтасар бо Гурҷистон вориди даргирӣ шуд ва талош кард, контрол бар Осетияи Ҷанубиро ба даст дарорад. Сипас Русия ин минтақаи ҷудоихоҳро ба унвони кишвари мустақил ба расмият шинохт. Лавров гуфт, Русия аз Гурҷистон ҳар гуна “таҳрикоти низомӣ”-ро истисно намедонад. Ба гуфтаи вай, аз “режими кунунии Тифлис ҳар кореро метавон интизор шуд”. Лавров ин суханонро имрӯз дар ҷараёни боздидаш аз Осетияи Ҷанубӣ баён дошт.
XS
SM
MD
LG