Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшои навбатии WikiLeaks дар бораи Гуантанамо


Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks

Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks

WikiLeaks як санади Амрикоро ба нашр расондааст ва дар он гуфта мешавад, ки ин кишвар солҳост дар боздоштгоҳи Гуантанамо даҳҳо нафар афроди бегуноҳро нигаҳ медорад. Санади мазкур дар чанд нашрияи амрикоӣ ва аврупоӣ чоп шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки аз соли 2002, яъне аз замоне, ки ин боздоштгоҳ боз шудааст, 779 нафар аз ин боздоштгоҳ ба истилоҳ “гузаштаанд”. Яке аз чунин рӯзномаҳо "Guardian"-и Британия аст ва мегӯяд, дар санади ифшошуда 220 нафар террористи хатарнок нишон дода шудаанд. Вале 150 нафар боздоштшудагон афғонон ва покистониёни бегуноҳанд, ки дар миёни онҳо кишоварзон, ронандагон ва ошпазҳо низ ҳастанд. Ёҳтимол меравад, ки 380 нафари дигар сарбозони маъмулианд. Вазорати дифои Амрико ифшои ин маълумотро “таассуфовар” арзёбӣ кард ва гуфт, расидагӣ ба парвандаи бисёре аз онҳо ба итмом нарасидааст.
XS
SM
MD
LG