Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкориҳои полиси Тоҷикистону Чин густариш меёбад


Имрӯз дар Душанбе Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Мен Дзнҷу-вазири амнияти мардумии Чин мувофиқатномае имзо карданд, ки тибқи он Чин ба маблағи 3 миллион юан таҷҳизот дар ихтиёри полиси Тоҷикистон мегузорад. Тоҷикистон ин таҷҳизотро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо чиноёт ва дар мубориза бо гурӯҳҳои тундрав истифода мекунад. Вазири амнияти мардумии Чин барои боздид аз Тоҷикистон рӯзи якшанбе вориди ин кишвар шуд. Боздиди вай имрӯз ба поён мерасад ва вай ба Қирғизистон меравад.
XS
SM
MD
LG