Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зиндони Қандаҳор 500 зиндонӣ фирор кард


Дар Афғонистон тақрибан 500 нафар зиндонӣ, ки бештари онҳо ба эҳтимоли зиёд шӯришиёни толибон мебошанд, аз зиндоне дар шаҳри Қандаҳор фирор кардаанд. Раиси зиндон гуфтааст, зиндониён шаби якшанбе аз нақби зеризаминӣ берун рафтаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, Толибон барои худ нақбе дуруст кардааст. Ин дуввумин фирори бузург аз зиндони Қандаҳор дар се соли ахир аст. Соли 2008 Толибон бо истифода аз мошини бамгузоришуда дарвозаҳои зиндонро боз карданд ва ҳудуди 1 000 зиндонӣ по ба фирор ниҳод.
XS
SM
MD
LG