Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили Рақибовҳоро кӣ месозад?


Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари ҲНИТ (дар байн)
Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари ҲНИТ (дар байн)

Сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти ноҳияи Файзобод роҳи ҳалли қазияи манзили Рақибовҳоро мушаххас кардааст.

Ҳанӯз се моҳ қабл Атовулло Рақибов аз ҲНИТ тақозои кӯмак карда буд, аммо ба қавли Муҳиддин Кабирӣ зарофатҳои сиёсӣ иҷоза намедоданд, ки ҳизб дарҳол аз пайи ин масъала шавад.
Новобаста аз он ки кадом ҳизб аст: ҳизби демократ ё сотсиал-демократ ё халқӣ-демократӣ ё наҳзати исломӣ, муҳим ин аст, ки дар баробари масоили ҷомеа масъулиятшинос бошанд...


Вай гуфт, се моҳ мунтазир шуда ва диданд, ки доманаи ин масъалаи начандон бузург аз кишвар ҳам берун рафт ва мисли ин ки ба як мушкили ҳалношуда табдил ёфт.

Ҳоло мақомоти ҳукумати Файзобод тасмим гирифтаанд, ки дар тӯли даҳ рӯзи оянда барои Атовулло Рақибов ҳудуди 10 сотих замин ҷудо кунанд. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, манзили нави Рақибовҳо аз тариқи кӯмакҳои башардӯстона сохта хоҳад шуд, ки дар он аз ҷумла саховатпешагони ҲНИТ низ саҳм мегиранд.



"ҲИЗБҲО МАЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД"

Ӯ афзуд, феълан дар бораи ҳаҷми кӯмаке, ки бо он манзили Рақибов бояд сохта шавад, чизе гуфта наметавонад, вале таҷрибаи хонасозие, ки ин ҳизб дорад ва ба селзадагони Кӯлоб кӯмак кардааст, барои хонаводаи Атовулло Рақибов низ метавонад манзил бисозад.

Ойниҳол Бобоназарова
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва доираҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба сарнавишти Атовулло Рақибов ва хонаводааш таваҷҷӯҳ доштанд, мегӯянд, ки аз оғози ин баҳс то кунун ҳеҷ гурӯҳе дар кишвар вокуниш нишон надода буд.

Ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива плюс" мегӯяд, масъалаи Рақибов ва манзили кӯчаки ӯ ба ин ҳадде печида набуд, ки кор то ба ин ҷо кашида шавад. Вай афзуд, “новобаста аз он ки кадом ҳизб аст, ҳизби демократӣ ё сотсиал-демократӣ ё халқӣ-демократӣ ё наҳзати исломӣ, муҳим ин аст, ки дар баробари масоили ҷомеа масъулиятшинос бошанд. Вазифаи рақами аввали ҳизб ҳамин сарнавишти афроде чун Рақибовҳо, чун қӯштеппагиҳо ва дигар афроди дар ҳақиқат азияткашида бояд бошад. Ин амали ҲНИТ барои ба даст овардани обрӯ ва ё имиҷ нест, ҳамаи ҳизбҳо бояд чунин рафтор дошта бошанд."

ИСТИҚБОЛИ ҲХДТ


Расидагии Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ ба қазияи Рақибов аз сӯи Ҳизби халқӣ-деморкатии Тоҷикистон истиқбол шудааст.

Раиси бахши иттилоот ва робита бо ҷамъияти ҲХДТ, Усмон Солеҳ мегӯяд, "кори Рақибов печида шуда ба сатҳи байналмилалӣ аз тариқи интернет ҳам роҳ ёфт. Вақте ҳизбҳои дигар чунин имкон дошта бошанд, ки ба мардум кӯмак мекунанд ва кори хайр анҷом медиҳанд, ин хуб аст. Мо ин гуна иқдомҳои хайрхоҳонаро истиқбол мекунем."

Ба назари таҳлилгарони масоили сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аслан дар рӯзҳои интихобот аз хоб бармехезанд то анҷоми интихобот аз худ дарак медиҳанд ва боз ба хоб мераванд.

МУШКИЛИ ҚӮШТЕППА


Ба эҳтимоли зиёд хабари бунёди манзили навашро Атовулло Рақибов дар маҳбас шунавад. Шояд ин хабар ба мурофиаи парвандаи Рақибов, ду хоҳару ҳамсараш, ки рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи Файзобод доир хоҳад шуд, низ таъсир гузорад.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вакили мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ барои расидагӣ ба қазияи манзили қӯштеппагиҳо озими маҳаллаи "Якуми май"-и ноҳияи Рӯдакӣ шуда, бо мардуми он ҷо мулоқот кардааст. Ахиран дар ин маҳалла мақомот камаш 80 манзили ба қавли онҳо ғайриқонунӣ бунёдшударо тахриб намуданд.

Додхоҳии сокинони Қӯштеппа (Аз бойгонӣ)

XS
SM
MD
LG