Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуснӣ Муборак Шарм-ул-Шайхро тарк мекунад


Бемористони Шарм-ул-Шайх таҳти назорати шадид қарор дорад

Бемористони Шарм-ул-Шайх таҳти назорати шадид қарор дорад

Раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ба бемористони маҳбаси низомии Қоҳира интиқол меёбад.

Додситони кулли Миср тасмим гирифтааст.
Ҳуснӣ Муборак ба бемористони маҳбаси низомӣ интиқол дода шавад.

Муборак ба фасод ва даст доштан дар куштори ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматии авоили соли равон айбдор мешавад. Аз ин пеш ӯ ҳама иттиҳомот дар бораи даст доштанаш дар фасодро бепояву бунёд хонда буд.

Муборак, ки бар асари намоишҳои густурдаи эътирозии моҳи феврал аз мақом барканор шудааст, то имрӯз дар як бемористони хусусии шаҳри Шарм-ул-Шайх зери назорати табибон қарор дорад.

Раҳбари пешини Миср рӯзи 13 апрел баъд аз он ба маризии дил гирифтор шуд, ки аз тасмими барои 15 рӯз боздошт шудани худашу фарзандонаш хабар ёфт.

Ду ҳафта пеш, дар нахустин баъд аз истеъфо изҳороти худ Муборак хабар
Писарони Муборак Ҷамол ва Ало ҳоло дар маҳбасанд
дода буд, ки аз ҳуқуқҳои худ барои дифоъ аз обрӯи хонаводааш истифода хоҳад кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол табибон мутмаин шуданд, ки вазъи раисиҷумҳур беҳтар шудааст ва ӯро метавонанд ба пойтахт интиқол диҳанд.

Бархе манбаъҳо гуфтаанд, ки тайи 48 соати наздик раҳбари пешини Мисрро аввал ба бемористони низомии Қоҳира ва баъдан ба бемористони маҳбас мебаранд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар бемористони маҳбас таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҳайё нест ва аз ин рӯ шояд ӯ як муддат дар бемористони низомӣ боқӣ бимонад.

Зимнан, айни ҳол ду писари Муборак – Ҷамол ва Ало ва чанд мансабдору тоҷири маъруфи мисрӣ дар маҳбаси Тораҳи Қоҳираанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG