Пайвандҳои дастрасӣ

Бозингари дастаи "Барселона" Лионел Мессӣ нахустин дар таърихи футболи Испания футболбозе шуд, ки дар як мавсим 50 гол задааст.

Аз ин пештар 51 сол пеш ҳамлагари дастаи Реали Мадрид Ферентс Пушкаш дар як мавсим ба дарвозаи ҳарифон 49 год зада буд. Л

Лионел Мессӣ тӯби 50-умро дар мавсими имсола вориди тӯри дарвозаи дастаи “Осасуна” кард.

Мессӣ, ки ду сол боз пайи ҳам беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф мешавад, дар чемпионати Испания 31 гол, дар бозиҳои Ҷоми Испания ҳафт гол, дар бозии Ҷоми Олии Испания се гол ва дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо нӯҳ гол задааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG