Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби гузашта инфиҷорҳо Триполиро такон доданд


Баъд аз силсилаи инфиҷорҳо дар шаҳри Триполӣ се шабакаи телевизионӣ барномаҳои худро қатъ карданд.

Пахши дубораи барномаҳо баъд аз тақрибан ним соат аз сар гирифта шуд. Ҳадс зада мешавад, ки ҳавопаймоҳои НАТО болои Триполӣ бомб афкандаанд.

Ҳукумати Кувайт барои шӯришиёни Либия тақрибан 180 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора раиси Шӯрои милли муваққати Либия Мустафо Абдул Ҷалил хабар дод.

Баъд аз музокирот бо амири Кувайт Сабоҳ Ас-Сабоҳ раҳбари шӯришиёни Либия изҳор намуд, маблағи тахсисдодаи Кувайт ба Шӯрои муваққат имкон медиҳад, ки қисман маоши мардумро пардохт кунад.

То имрӯз ҳукумати шӯришиёни Либияро Фаронса, Гамбия, Италия ва Қатар ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG