Пайвандҳои дастрасӣ

Муборак ба маҳбаси низомӣ интиқол меёбад


Муборак айни ҳол дар бемористони Шарм-ул-Шайх аст

Муборак айни ҳол дар бемористони Шарм-ул-Шайх аст

Раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ба маҳбаси низомӣ интиқол дода хоҳад шуд. Дар ин бора Додситони кулли Миср тасмим гирифт.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки вазъи сиҳати Муборак хуб шудааст ва ӯ шояд ба бемористони маҳбаси Тораҳи Қоҳира интиқол ёбад. Ва аммо маълум шуд, ки он бемористон бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз нест.

Сарвари пешини Миср рӯзи 13 апрел баъд аз он ба маризии дил гирифтор шуд, ки аз тасмими барои 15 рӯз боздошт шудани худашу фарзандонаш хабар ёфт.

Ҳуснӣ Муборак дар фасод ва даст доштан дар куштори ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар авоили соли равон айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG