Пайвандҳои дастрасӣ

Алӣ Абдулло Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, эълом дошт, ки интиқоли қудрат бояд аз рӯи Қонуни асосӣ сурат бигирад ва ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ ба осонӣ соҳиби ҳукумат нахоҳанд шуд.

Дар сӯҳбат бо телевизиони Би-Би-Си, раҳбари Яман нооромиҳои ду моҳи ахир дар кишварро ҳамчун табаддулоти давлатӣ арзёбӣ намуд.

Рӯзи шанбе Алӣ Абдулло Солеҳ ба пешниҳоди Лигаи кишварҳои араб дар бораи тайи 30 рӯз дар ихтиёри нойиби раисиҷумҳур гузоштани қудрат ба ивази раҳоӣ аз пайгарди қонун розӣ шуд.

Бо вуҷуди ин, рӯзи якшанбе созмондиҳандагони эътирозҳо изҳор намуданд, ки Солеҳ бояд фавран истеъфо диҳад ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG