Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати 32-солаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба поён мерасад?


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман розӣ шудааст, ки пас аз як моҳи дигар аз қудрат биравад.

Пас аз музокирот ва зоҳиран "насиҳат"-ҳои зиёди кишварҳои арабии Халиҷи Форс, Алӣ Абдулло Солеҳ рӯзи 23-юми апрел мувофиқат кард, ки дар ивази масуният аз пайгарди қонунӣ ҳукуматро ба фарди дигар
Аз қудрат канор рафтани Алӣ Абдулло Солеҳ, фишор ба низомҳои дигари худкома дар Ховари Миёнаро афзоиш хоҳад дод, ки аксари онҳо башиддат нерӯҳои демократихоҳро саркӯб мекунанд...
месупорад.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико аз ин тасмими Алӣ Абдулло Солеҳ истиқбол кард.

Кохи Сафед дар як баёния гуфт, "ҳукумати Амрико аз интиқоли мусолиматомези қудрат, ки посухгӯи ормонҳои мардуми Яман аст, пуштибонӣ мекунад."

"РАИСҶУМҲУР ИСТЕЪФО МЕДИҲАД..."

Вашингтон аз тамоми тарафҳо даъват кард, "ҳарчӣ зудтар" барномаи мазкурро амалӣ кунанд. Тасмими Алӣ Абдулло Солеҳро, рӯзи шанбе, 23-юми апрел, Абду Ҷанадӣ, муовини вазири фарҳанги Яман эълом кард: "Раисҷумҳур ва кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс ба тамоми бандҳои ин пешниҳод мувофиқат карданд ва ин пешниҳод мутобиқ ба Қонуни асосии Яман иҷро хоҳад шуд. Яъне раисҷумҳур бар асоси банди 116 аз мақомаш истеъфо медиҳад ва масъулиятро ба аъзои Маҷлиси Намояндагон медиҳад."



Аз ду моҳи пеш то кунун мардуми зиёде дар Яман бо талаби истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ тазоҳурот мекарданд. Вай, ки ин кишвари 23- миллионнафарӣ ва аксаран қабиланишинро 32 сол инҷониб идора мекард, пештар аз талаби истеъфо сарпечӣ менамуд.

То кунун дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Яман даҳҳо нафар кушта шудаанд. Тазоҳургарони яманӣ раисҷумҳурро ба фасодкорӣ ва мудирияти нодуруст дар ин кишвари фақиртарини арабӣ муттаҳам мекунанд.

ШАРТИ БАРКАНОРИИ АЛӢ АБДУЛЛОҲ СОЛЕҲ
Эътилофи нерӯҳои мухолифини Яман мегуфтанд, ки тарафдори додани масуният аз пайгарди қонунӣ ба Алӣ Абдулло Солеҳ нестанд, вале баъдан майли худро ба пазируфтани ин шарти канорагирии раисҷумҳур нишон доданд...


Бо вуҷуди он ки эътилофи мухолифин майли худро ба пазируфтани ин пешниҳод нишон додааст, аммо рӯшан нест, ки тамоми гурӯҳҳо дар Яман пешниҳоди истеъфои раисҷумҳурро қабул мекунанд ё хайр. Айни ҳол тазоҳурот ҳамчунон дар Яман идома дорад.

Тарҳи аз қудрат канорагирӣ кардани Алӣ Абдулло Солеҳро Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудӣ пешниҳод кардаанд. Бар асоси ин тарҳ, пас аз имзои созишнома бо нерӯҳои мухолифин Алӣ Абдулло Солеҳ дар ивази масуният аз пайгарди қонунӣ, дар тӯли як моҳ ҳукуматро ба муовинаш месупорад.

Аъзои хонавода ва дастёрони баландпояи раисҷумҳур низ аз ин ҳаққ бархӯрдор мешаванд. Баъд аз ду моҳи канорагирии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, дар Яман интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ба гуфтаи Абду Ҷанадӣ, тарҳи мувофиқатномаро тамоми намояндагони кишварҳои узви Ҳамкориҳои Халиҷ, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо имзо хоҳанд кард.

ФИШОР БА РЕЖИМҲОИ ДИГАР

Ӯ гуфт, эҳтимоли аз раъяш гаштани раисҷумҳури Яман вуҷуд надорад ва афзуд, Алӣ Абдулло Солеҳ, ки ба ҳайси раисҷумҳур интихоб шудааст, бидуни фишори байналмилалӣ аз мақомаш истеъфо намедод.

Ҷанадӣ аз нерӯҳои мухолифи давлат хост, ки тарҳи мазкурро бипазиранд: "Аз бародарони худ ва Шӯрои мардумӣ ва муттафиқони он даъват мекунам, ки ин шанси охиринро бипазиранд ва созишномаи ниҳоиро имзо кунанд, ки ваҳдат ва демократияро ҳифз мекунад ва барои интиқоли мусолиматомези қудрат мусоид аст."

Рӯзи шанбе, 23-юми апрел, эътилофи нерӯҳои мухолифини Яман мегуфтанд, ки тарафдори додани масуният аз пайгарди қонунӣ ба Алӣ Абдулло Солеҳ нестанд, вале баъдан майли худро ба пазируфтани ин шарти канорагирии раисҷумҳур нишон доданд.

Аз қудрат канор рафтани Алӣ Абдулло Солеҳ, фишор ба режим ё низомҳои дигари худкома дар Ховари Миёнаро афзоиш хоҳад дод, ки аксари онҳо башиддат нерӯҳои демократихоҳро саркӯб карда, аз анҷоми ислоҳот сарпечӣ менамоянд.
XS
SM
MD
LG