Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ ба Мисрота идома дорад


Шӯришиён ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, бо вуҷуди эъломи ақбинишинии нерӯҳои давлатӣ аз шаҳри Мисрота, ҳамлаҳои заминӣ ба ҳошияҳои ин шаҳрро идома дорад. Мисрота ягона шаҳри бузург дар ғарби Либия аст, ки бахши аъзами он дар дасти шӯришиён аст ва тайи ду моҳ дар муҳосираи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ қарор дошт. Холиқ Қоим, муовини вазири умури хориҷии Либия, имрӯз гуфт, артиши кишвар амалиёт дар Мисротаро хотима дода ва ихтиёрро ба дасти қабилаҳои маҳаллӣ медиҳад, ки худашон ё аз роҳи музокирот ва ё зӯр масъаларо ҳал кунанд. Шӯришиён ин баёнияро як найранг хондаанд. Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ тайи ду моҳи ҷанг дар Мисрота дасти кам 1000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG