Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Бар асари як даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон як сарбози нерӯҳои марзбонӣ кушта шудааст.

Мақомоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, як гурӯҳи даҳнафарии мусаллаҳ дар марз ба нерӯҳои марзбонии тоҷик, ки машғули назорати марз будаанд, ҳамлавар шудааст.
Ҳоло маълум нест, ин гурӯҳе, ки марзи Тоҷикистонро рахна кардааст, аз ҷумлаи ҳамон гурӯҳҳоест, ки мехоҳанд ба истилоҳи мақомот авзоъро муташанниҷ кунанд ва ё гурӯҳҳои қочочқбар ҳастанд ва ё гурӯҳи дигаре, ки ҳадафашон дуздӣ ва ё ғоратгарист...


Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Шаби 23 ба 24-уми апрел дар маҳалли Сари Ғори Шӯрообод як гурӯҳи 10-12 нафарии вайронкунандагони марз ба як наряди марзбонӣ дучор мешаванд ва ба он ҳамла меоранд. Дар натиҷаи зардухӯрди мусаллаҳона як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ҳалок ва як ҳамлакунанда низ кушта шудааст."

Ба гуфтаи мақомоти нерӯҳои марозбонии Тоҷикистон, инчунин ду нафар аз ин гурӯҳи мусаллаҳ захмӣ шудаанд. Аммо ҳамаи аъзои боқимондаи ин гурӯҳ ба шумули ин ду нафар низ тавонистааст аз маҳалли задухӯрд фирор кунанд. Ба эҳтимоли зиёд дубора ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд.



Хушнуд Раҳматуллоев мегӯяд, аз аввали соли равон ин шашумин мавриди ҳамла ва даргирӣ дар марзи Тоҷикистон аст. Аммо мақомот ин навбат ба рағми гузашта аз гурӯҳ "қочоқбарон" ном набурдаанд, балки онро вайронкунандаи сарҳад унвон карданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба фаъол шудани нерӯҳои мусаллаҳи Толибон дар шимоли Афғонистон ва сӯҳбати мақомот аз таҳдиди ин гурӯҳҳо ба Осиёи Марказӣ нахустин суоле матраҳ мешавад ин аст, ки ин гурӯҳ ба чӣ қасде вориди қаламрави Тоҷикистон шудааст?
Марзе, ки ба дуруст ҳифозат шудани он худи мақомот низ шубҳа доранд...


Чун ахиран дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД дар Душанбе аз омодагии гурӯҳҳои мусаллаҳе дар Афғонистон барои гузаштани хатти марз ҳушдор дода мешуд.

Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҷумла гуфта буд: "Мо маълумоти кофӣ дар ихтиёр дорем, ки феълан дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои нави мусаллаҳ дар ҳоли ташкилшавӣ бо ҳадафи убур аз марзҳои ин кишвар ба қаламрави ҷумҳуриҳои дигар ва бесубот кардани авзоъ ҳастанд."

Ҳоло маълум нест, ин гурӯҳе, ки марзи Тоҷикистонро рахна кардааст, аз ҷумлаи ҳамон гурӯҳҳоест, ки мехоҳанд ба истилоҳи мақомот авзоъро муташанниҷ кунанд ва ё гурӯҳҳои қочочқбар ҳастанд ва ҳам гурӯҳи дигаре, ки ҳадафашон дуздӣ ва ё ғоратгарист.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи пеш мақомот аз кушта шудани мулло Абдулло, раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат дар шарқи кишвар хабар доданд ва гуфтанд, ки дар ин минтақа гурӯҳи дигаре, ки битавонад авзоъро ба мухотира биандозанд, вуҷуд надорад. Аммо ба шарти он, ки чунин гурӯҳе аз хориҷи марзҳо ворид нашвад. Марзе, ки ба дуруст ҳифозат шудани он худи мақомот низ шубҳа доранд.
XS
SM
MD
LG