Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти дигарбораи як ҳомии ҳуқуқ дар Эрон


Муҳаммад Сайфизода, як ҳомии ҳуқуқи шинохта дар Эронро ки бовар мерафт, нопадид шудааст, маъмурони амниятӣ дастгир кардаанд. Муҳаммад Сайфизодаро моҳи октябр бо гуноҳи “иқдом алайҳи амнияти миллӣ” ба 9 соли зиндон маҳкум карданд, вале ӯ пеш аз шурӯъи адои ҳукмаш барои корҳои таҳқиқотӣ ба Орумия маркази вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ рафтааст. Муҳаммад Сайфизода, ҳамроҳ бо Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи Нобел ва ду ҳуқуқдони дигар дар Эрон Маркази ҳомиёни ҳуқуқро таъсис дода буданд. Ба гуфтаи Марзия Некоро, вакили дифоъаш Сайфизода дар як боздоштгоҳе дар шимолуғарби Эрон нигаҳ дошта мешавад ва шояд алайҳи ӯ иттиҳомоти наве эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG