Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварии Арманистон аз рӯйдоди хунини 96 соли пеш


Дар Арманистон имрӯз 96-умин солрӯзи куштори дастаҷамъии арманиҳо дар замони Империяи туркони усмониро ёдоварӣ мекунанд, рӯйдоде, ки то кунун муносиботи он кишвар бо Туркияро тира кардааст. Арманистон мегӯяд, сар аз соли 1915 то соли 1917 туркони усмонӣ якуним миллион арманиро куштанд, ки наслкушӣ маҳсуб мешавад. Аммо Туркия мегӯяд, теъдоди қурбониён аз 300 то 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар он солҳои бенизомиву ҷангҳои дохилӣ ва суқути империяи туркони усмонӣ, туркҳои зиёде ҳам кушта шуданд. Баҳси мазкур даҳсолаҳост, ки боиси хусумати Арманистону Туркия шудааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як баёнияе қатли арманиҳоро “яке аз ҳавлноктарин ҷиноятҳои қарни 20” хонд. Барак Обама чун дар се соли гузашта, аз “наслкушӣ” хондани қатли якуним миллион арманӣ парҳез кард, агарчӣ зимни маъракаи интихоботии худ гуфтааст, ки ин корро хоҳад кард. Иттиҳодияи арманиҳои Амрико, баёнияи Барак Обамаро, “фурсати аздастрафта” хонд.
XS
SM
MD
LG