Пайвандҳои дастрасӣ

Обама қатли арманиҳоро "бадтарин ҷинояти қарни 20" хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як баёнияе ба муносибати солрӯзи куштори арманиҳо ба дасти туркони усмонӣ тақрибан дар сади соли пеш, ин рӯйдодро “яке аз ҳавлноктарин ҷиноятҳои қарни 20” хонд. Барак Обама чун дар се соли гузашта, аз “наслкушӣ” хондани қатли якуним миллион арманӣ дар соли 1915 парҳез кард, агарчӣ зимни маъракаи интихоботии худ гуфтааст, ки ин корро хоҳад кард. Арманиҳо ин рӯйдодро наслкушӣ медонанд, вале Туркия онро рад мекунад. Иттиҳодияи арманиҳои Амрико, баёнияи Барак Обамаро, “фурсати аздастрафта” тавфсиф кард.
XS
SM
MD
LG