Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон


Посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистон
Посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистон
Дар даргирӣ миёни гурӯҳи афроди мусаллаҳ ва марзбонон дар ҷануби Тоҷикистон як сарҳадбони ҷавони тоҷик кушта шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати нерӯҳои марзбонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби 24-уми апрел дар маҳалли марзии Сариғори ноҳияи Шӯробод, гурӯҳи то 12-нафарии марзшиканон хостанд, вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд, аммо ба марзбонони тоҷик дучор шуданд. Дар натиҷаи даргирӣ миёни ду тараф, Ойбек Назруллоев, марзбони 20-солаи тоҷик кушта шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, афроди мусаллаҳ ҳам як нафари худро талаф доданд ва зоҳиран ду нафари дигарашон маҷрӯҳ шуда ва ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG