Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба раисҷумҳур 30 рӯз мӯҳлат доданд


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман

Давлати Яман тарҳи пешниҳодӣ дар бораи канорагирии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз қудратро пазируфтааст.

Бар пояи ин пешниҳод, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман дар муддати сӣ рӯз қудратро бояд ба муовинаш вогузор кунад.
Дар пайи эътирозҳои Яман, мақомоти Тоҷикистон дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ ба берунории шаҳрвандони худ аз ин кишвари ошӯбзада шурӯъ карданд...


Бино ба гузоришҳо, вазири умури хориҷии Яман посухи мусбати давлати ин кишварро ба Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ки ин пешниҳодро дода буд, расонидааст.

Сухангӯи ҳизби ҳокими Яман, низ эълон кард, ки ин ҳизб мувофиқати комили худ ба пешниҳоди шӯро дар бораи даврони интиқолиро баён доштааст.

Пешниҳоди шаш узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс барои ҳалли бӯҳрони Яман, ташкили давлати ваҳдати миллӣ, вогузории қудрати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба муовинаш ва поёни эътирозҳои хунини ин кишварро дар бар мегирад.



Бар пояи ин пешниҳод, ду моҳ пас аз вогузории қудрат ба муовини Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, интихоботи нави раисҷумҳури Яман баргузор хоҳад шуд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ солҳои тӯлонист, ки лаҷоми ҳукумати Яманро дар даст дорад ва чанд моҳи ахир аст, ки эътирозгарон дар саросари ин кишвар хоҳони барканории ӯ аз қудрат ҳастанд. Эътирозҳо дар Яман бо саркӯбии шадиди нерӯҳои ҳукуматӣ мувоҷеҳ шуда, беш аз 130 нафар дар ду моҳи ахир ҷони худро аз даст додаанд.

Дар пайи ин эътирозҳо, мақомоти Тоҷикистон низ дар охири моҳи марти соли ҷорӣ ба берунории шаҳрвандони худ аз кишвари ошӯбзадаи Яман оғоз карданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, то замони сар задани ноамниҳо дар Яман, наздики 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар он ҷо зиндагӣ ва кор мекарданд, ки аксари онҳо тавассути ширкатҳои русӣ, аз ҷумла “Здравэкспорт” ва “Техностройэкспорт” ба Яман роҳ ёфтаанд.

Дар оғози моҳи марти имсол як пизишки шастсолаи тоҷик Ҳомидҷон Очилов, ки зодаи ноҳияи Ҳисор буда, аз соли 2007 дар шаҳри Аттақи Яман ба ҳайси табиб кор мекард, аз сӯи гурӯҳи номаълуме рабуда шуда ва танҳо чанд ҳафта пеш раҳо гардид.
XS
SM
MD
LG