Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва ССКА “Помир” - пешсафони сабқати Лигаи олӣ


Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври севуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 22-юми апрел бар дастаи мизбон - “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд ва бо 9 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвал устувор намуд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Ҳар се голро меҳмонон дар нимаи дуввуми бозӣ ба самар расонданд.

Нахуст Юсуф Рабиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 61-ум муваффақ гашт. Баъди 10 дақиқа Александр Кудряшов, легионери русиягӣ, голи дуввумро вориди дарвозаи мизбонон кард. Голи севумро Нуриддин Давронов дар дақиқаи 89-ум зад.



ССКА “Помир”-и Душанбе бошад, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон - “Вахш” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар ин бозӣ нахуст Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 29-уми дидор ҳисобро боз кард. Ду голи меҳмононро Аъзам Ҳусейнов дар нимаи дуввуми дидор (дар дақиқаҳои 59-ум ва 69-ум) ба самар расонд. ССКА “Помир” пас аз се ғалабаи паиҳам бо 9 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифтаст.

Бозии дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Ҳарду гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Ҳисобро Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари “Хайр”, дар дақиқаи 27-ум кушод. Голи ҷавобиро Зокир Абдулхайров, бозигари “Равшан, дар дақиқаи 35-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. ”Равшан” ва “Хайр” 7-имтиёзӣ доранд ва аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо кӯлобиҳо ҷои севум ва ваҳдатиҳо ҷои чаҳорумро касб кардаанд.

Ғайричашмдошт дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Металлург” аз тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 15-ум голи аввалро вориди дарвозаи “Регар-ТадАЗ” кард. Абдуқаюм Қарабоев дар дақиқаи 51-ум ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Исфандиёр Загуров, дар дақиқаи 61-ум зад. Ин ғалабаи нахустини “Гвардия” ва бохти дуввуми паиҳами “Регар-ТадАЗ” маҳсуб мешавад.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт ва аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин қувваозмоӣ нахуст Рустам Хоҷаев, нимҳимоятгари “Шодмон”, дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Легионер Евгений Таран, аз Укроин, голи ҷавобии “Хуҷанд”-ро дар дақиқаи 40-ум зад. Голи дуввуми мизбононро Шӯҳрат Умаров дар дақиқаи 54-ум ба нишон расонд. Дар ин бозӣ Анвар Норқулов, бозигари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 35-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ду нафар – Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо сеголӣ дар мақоми аввал қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

1.

«Истиқлол»

3

3

0

0

9-0

9

2.

ССКА «Помир»

3

3

0

0

8-2

9

3

Равшан”

3

2

1

0

7-2

7

4.

«Хайр»

3

2

1

0

5-1

7

5.

Регар-ТадАЗ”

3

1

0

2

5-7

3

6-7.

«Энергетик»

2

1

0

1

3-5

3

6-7.

8.

9.

«Хуҷанд»

Гвардия”

“Вахш”

3

2

2

1

1

0

0

0

0

2

1

2

3-5

2-5

2-4

3

3

0

10.

«Шодмон»

3

0

0

3

5-9

0

11.

«Парвоз»

3

0

0

3

0-9

0

Бозиҳои даври 4-ум:

25 апрел (душанбе)

«Парвоз» - «Шодмон»
«Равшан» - ССКА «Помир»
«Вахш» - «Хайр»
«Гвардия» - «Энергетик»

26 апрел (сешанбе)

«Хуҷанд» - «Истиқлол»

Бозиҳо соати 16 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG