Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти як рӯз аз қатли даҳҳо тазоҳургар дар Сурия, раҳбарони ҷаҳонӣ истифода аз зӯр алайҳи эътирозгаронро маҳкум карданд.

Аз ҷумла Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, барои саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон, давлати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро башиддат интиқод карданд.

ВОКУНИШҲОИ ҶОМЕАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзи ҷумъа бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятӣ дар муқовимати бераҳмона ба тазоҳургароне, ки хоҳони истеъфои раиси ҷумҳур Башшор Асад ҳастанд, 90 тан аз онҳоро куштанд.

Барак Обама дар як баёнияе гуфт: “истифодаи хашмангези хушунат барои фурӯ нишондани тазоҳурот бояд дарҳол хотима ёбад”. Барак Обама гуфт, “дар ҳоле ки Сурия дар тазоҳуротҳо хориҷиёнро гунаҳкор медонад, худ аз Эрон кӯмак мехоҳад, то ҳамон равишҳои ваҳшиёнаи муттаҳидаш Эронро барои саркӯбӣ ба кор барад.”

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ, хостори таҳқиқи шаффофи куштори тазоҳургарон дар Сурия шуд ва ба ҳукумати Башшор Асад гуфт, ба ҳуқуқи байналмилалии инсон, аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён ва гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии матбуот эҳтиром гузорад.

ДАҲҲО КУШТА ВА СУРИЯИ ҲАНӮЗ НООРОМ

Гурӯҳҳои баргузоркунандаи тазоҳурот мегӯянд, дар раҳпаймоиҳои рӯзи ҷумъа 88 нафар кушта шуданд, созмони Авфи Байналмилал теъдоди қурбониёнро 75 нафар гуфт.

Хабаргузории расмии Сурия Сана, навишт, ки дар бархӯрдҳои тазоҳургарон бо раҳгузарон танҳо 10 нафар кушта шудаанд ва нерӯҳои ҳукуматӣ барои монеъ шудан ба бархӯрдҳо, аз гази ашковар ва мошинҳои обпошӣ истифода бурданд. Хабаргузорӣ ҳамчунин навишт, ки “афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи тазоҳургарон дар шаҳри Ҳимо оташ кушода ва ҳам ба як қароргоҳи пулис ҳамла кардаанд”.



Аммо хабаргузориҳои ғарбӣ бо такя ба гуфтаҳои шоҳидони айнӣ навиштаанд, нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани ҳазорон тазоҳургар, ки бо талаби ислоҳот дар шаҳрҳои мухталифи Сурия ба хиёбонҳо рехтанд, аз силоҳи оташфишон ва гази ашковар истифода карданд.

ТАЗОҲУРОТИ САРОСАРӢ ДАР СУРИЯ

Тазоҳурот дар шаҳри Димишқ, пойтахт ва ҳамингуна сар аз шаҳри шимолушарқии Қамишил то ба шаҳри ҷанубии Даръо баргузор шудааст. Дар шаҳри ҷанубии Ҷасим, издиҳоми бузург шиор медонанд, ки мардум мехоҳанд, ҳукуматро барканор кунад. Як ҳафта пеш аз саркӯбии хунбори тазоҳуркунандагон, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ба хотири ором кардани мухолифонаш, баъзе гузаштҳо кард ва аз ҷумла ба вазъи фавқулоддаи 48-сола дар кишвар хотима бахшид. Ӯ ҳамчунин иҷоза дод, то мардум гирдиҳамоиҳои осоишта баргузор кунанд.

МУХОЛИФОН ХОҲОНИ ИСЛОҲОТИ БЕШТАРАНД

Вале мухолифон ин гузаштҳоро кофӣ намедонанд ва аз ҷумла гурӯҳи муштараке, ки аз тазоҳургарон намояндагӣ мекунад бо нашри баёнияе хостори “ислоҳоти сареъ дар ниҳодҳои миллии Сурия” шуд. Дар ин баёния, ки аз номи “Кумитаҳои маҳаллии созмондиҳӣ” нашр шудааст, аз ҳукумат хоста мешавад, ки ба қатлу азият ва боздошти тазоҳургарон хотима диҳад ва ба хотири қурбониёни тазоҳуротҳо се рӯз мотами миллӣ эълом кунад. Ин кумита ҳамчунин талаб кардааст, то тамоми зиндониёни сиёсӣ озод карда шаванд ва қазияи қатли тазоҳургарон низ таҳқиқ шавад. Яке аз талабҳои бунёдии онҳо, ислоҳоти қонуни асосӣ будааст, ки ду даври раёсати ҷумҳурро иҷоза диҳад ва тамом.

Башшор Асад 11 сол боз раиси ҷумҳури Сурия аст ва ин мақомро аз соли 2000 аз падараш Ҳофиз Асад мерос гирифт, ки ӯ то замони маргаш 30 сол раиси ҷумҳури Сурия буд. Дар ҷараёни тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ дар ин кишвар, ки барои ҳафтаи панҷум аст идома дорад, то кунун 220 нафар кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG