Пайвандҳои дастрасӣ

Паймони НАТО мегӯяд, як раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистонро дар шаҳри Қундузи Афғонистон боздошт кардаанд.

Номи ин раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистонро ошкор накардаанд ва дар танҳо гуфтаанд, ки ин шахс дар амалиёте дар ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз боздошт шуд. Дар баёнияи НАТО омадааст, шахси боздоштшуда дар Покистон муносибот миёни раҳбарони Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Толибонро танзим мекардааст. Дар баёнияи НАТО омадааст, ки ин фард бо ҳарду тараф ҳамкорӣ доштааст ва дар ҳарду кишвар парвариши афроди мусаллаҳ ва танзими амалиётро созмондиҳӣ мекардааст.

НАТО мегӯяд, ин раҳбари гурӯҳи ифротгарои ӯзбакистонӣ соли 2010 аз зиндоне дар Афғонистон фирор карда ва ба дигар зиндониён ҳам дар ин кор кӯмак кардааст. НАТО афзудааст, нерӯҳои афғон ва байналмилалӣ аз чандин ҳафта ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи ин раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд ва рӯзи панҷшанбе, 20-уми апрел дар ҷараёни амалиёт дар Хонободи Қундуз дастгир карданд. Ҳамроҳи ӯ ду шарикаш низ ба дасти нерӯҳои НАТО афтодаанд.

ҚУНДУЗ-ПОЙГОҲИ АЛ-ҚОИДА ВА ҲИУ

Нерӯҳои Паймони низомии Атлантики Шимолӣ бо кӯмаки нерӯҳои афғон дар камтар аз ду моҳи гузашта ҳудуди 20 узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро дар Афғонистон куштаанд. Бари асоси изҳороти манобеъи НАТО, дар ин ҷамъ чаҳор узви баландпояи ин гурӯҳ ба шумули Билоли Кундузӣ ҳам шомиланд.

Хабаргузории Олмон рӯзи шанбе навишт, дар ҳамин рӯз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шахсе ба номи Аҳмад Валӣ Сиддиқӣ, як олмонии афғонтабор ва узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро ба Олмон супурдааст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ин шахс дар дар ҷараёни таҳқиқ маълумоти муҳиме дар робита ба ҳамалоти эҳтимолии террористӣ дар Аврупоро ифшо кардааст.

Хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” мегӯяд, Қундуз ва вилоятҳои наздики он ахиран ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон соли 1991 бо ҳадафи бунёнгузории давлати исломӣ дар ин кишвар таъсис ёфтааст ва даҳҳо аъзои он дар Тоҷикистон низ дастгир ва зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG